Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав - гаронтарин шаҳри дунё?


Бунёди байнулмилалии Месер ҳазинаи зиндагӣ барои муҳоҷиронро муҳосиба зада ва пойтахти Русияро гаронтарин шаҳри ҷаҳон номидааст.

Маскав, ба ин тартиб, соли севвум аст, ки мақоми гаронбаҳотарин шаҳри ҷаҳонро дар ҷадвали Месер ҳифз мекунад. Заҷри ин қиматиро муҳоҷирини тоҷик низ мекашанд, зеро бузургтарин ҷамъияти муҳоҷирини тоҷик маҳз дар Маскав кору зиндагӣ мекунанд.

Бунёди Месер, ки арзиши зиндагӣ дар шаҳрҳои дунёро тавассути муқоиса бо Ню-Йорки Амрико, ки пойтахти молӣ ва тиҷоратии ҷаҳон шумурда мешавад, муҳосиба мекунад ҳамчунин Токио, Лондон ва ослову Сеулро дар ҷумлаи 5 шаҳри гаронтарини дунё овардааст.

Маскав соли севвум аст, ки дар садри ҷадвали гаронтарин шаҳрҳои дунё боқӣ мемонад. Бунёди Месер муҳосибаи ҳазинаи зиндагӣ дар 143 шаҳри бузурги дунё барои мардуми омадро бо Ню-Йорк, бузургтарин шаҳри Амрико муқоиса карда ва нархи зиндагӣ барои муҳоҷир дар пойтахти Русияро назар ба Ню-Йорк 42 дарсад гаронтар ҳисоб кардааст.

Нархи зиндагӣ дар Маскав назар ба Асунсён, пойтахти Парагвай, ки дар байни 143 шаҳри таҳти пажӯҳиши ин созмон мақоми охири 143-юмро гирифтааст, 3 маротиба баландтар будааст. Раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии Месер Ивон Трейбер тақвияти қурби рубли русӣ дар муқобили доллари амрикоӣ ва болоравии нархи манзилро аз ҷумлаи умдатарин омилҳои боз ҳам боло рафтани ҳазинаи зиндагӣ дар Маскав ном бурдааст.

Бузургтарин ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия маҳз дар пойтахти ин кишвар ба сар мебаранд. Бино ба омори ахиран мунташиркардаи шаҳрдории Маскав, баъд аз украиниҳо, дуввумин ҷамъияти бузурги муҳоҷирин дар Маскав тоҷиконанд, ки дар ин, ба истилоҳ, “сабқати ҳузур” акнун аз узбакҳову гурҷиҳо ва ҳатто аз озариҳо, ки дар гузашта дар байни мардуми омад дар ин шаҳр нуфуси бештар доштанд, пеш гузаштаанд.

Дилшод Саидов, як тоҷики муқими Маскав, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш 10 сол боз дар ин шаҳр ба сар мебарад, мегӯяд, нархҳои ба осмон даккахӯрдаи маҳсулоти ғизоӣ, пули табобат, пули таълими атфол низ як бори сангине бар гардани муҳоҷирон аст ва онҳо ба фарқ аз мардуми бумӣ ба тиббу маорифи маҷҷонӣ дастрасӣ надоранд.


Бунёди Месер нархи зиндагӣ дар шаҳрҳои бузургро бар пояи ҳисобу китоби қимати тақрибан 200 навъи арзаи хадамот ва маҳсулот, аз ҷумла қимати иҷораи манзилу дафтари кор, нархи либосу маводи сӯхт, роҳкирои нақлиёт ва арзиши маҳсулоти ғизоиву хадамоти тафреҳӣ баровард мекунад.

Дилшод Саидов мегӯяд, пуле, ки муҳоҷирини тоҷик дар Маскав кор мекунанд, барои таъмини як зиндагии комил дар ин шаҳр, албатта, намерасад ва онҳо аз истифодаи бархе неъматҳои зиндагӣ, масалан, хадамоти фарҳангиву тафреҳие, чун харидориву мутолиаи китобу маҷаллот ё тамошои театру осорхона, ҳаддалимкон худдорӣ меварзанд. Дилшод Саидов, яке аз ҳазорон тоҷики муқими Маскав. Шаҳре, ки Бунёди Месер гаронтарин шаҳри дунё барои зиндагии мардуми омад эътирофаш кардааст.

Раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии Месер Ивон Трейбер гуфтааст, чанд омил, аз ҷумла заъфи доллари амрикоӣ, тақвияти воҳиди пули Аврупо – евро ва дигар асъори муҳими дунё ва болоравии нархҳо боиси тағйири ҷиддии шароити кор ва нархи зиндагӣ дар шаҳрҳои бузург шудааст. Митч Барнз, пажӯҳишгари дигари ин созмон мегӯяд, заъфи доллар нархи зиндагӣ дар марказҳои тиҷоратии Амрико, назари Ню-Йорк, Чикаго ва Лос-Анҷелесро дар қиёс бо соъир шаҳрҳои бузурги дунё пойинтар бурда, акнун таваҷҷӯҳи раҳбарони ширкатҳо ба кору зиндагӣ дар шаҳрҳои Амрико хеле бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG