Ин хабар ҳанӯз расман таъйид нашудааст, вале намояндагони Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон то ҳол хабарҳои нашршуда дар бораи мулоқоти рӯзи панҷшанбеи онҳо дар шаҳри Чикагоро такзиб накардаанд. Чунин ҳол мояи ҳадсу гумонҳои афзоянда дар матбуот пиромуни эҳтимоли ба курсии вазири хориҷаи Амрико нишастани хонум Клинтон шудааст.
Бино ба хабарҳо, Барак Обама бо Ҳилларӣ Клинтон маҳз ба хотири ба собиқ хонум аввали Амрико ва рақиби пешини худи ӯ дар корзори довталабони ҳизби демократ пешниҳод кардани мақоми вазорати хориҷа мулоқот кардааст.
Манобеъи наздик ба Обамаву Клинтон мулоқоти рӯзи панҷшанбеи онҳо дар Чикагоро радд намекунанд, вале аз ҳар навъ ибрози назар дар ин робита, ки оё ба Клинтон дар ин дидор кадом мақоме пешниҳод шуда ё хайр, худдорӣ меварзанд.
Бино ба хабарҳо, Обама бо волии аёлати Ню-Мексико Билл Ричардсон, ки низ як номзад ба курсии вазири хориҷа арзёбӣ мешавад, низ мулоқот кардааст. Ричардсон низ яке аз довталабон ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико буд, вале ҳанӯз дар оғози мубориза ба Обама ва Клинтон бохт ва аз идомаи набард барои Кохи Сафед даст бардошт.
Қарор аст, Барак Обама рӯзи душанбе ҳамчунин бо Ҷон МакКейн, рақибаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, гуфтугӯ кунад. Аммо намояндагони ҳарду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ эҳтимоли ба МакКейн пешниҳод шудани кадом мақом дар маъмурияти ояндаи Обамаро аз пеш радд карданд. Аммо ба назари расонаҳо, Барак Обама талош дорад, назири Абраҳам Линколн баъд аз пирӯзиаш дар интихоботи президентии соли 1860, бо ҷалби рақибони пешинаш ба маъмурияти оянда, як тими рақибони собиқро ташкил дода, бо ин роҳ мавқеъи худро қавитар кунад.
Тайи тақрибан як соли маъракаи интихоби номзади ҳизби демократ Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон вориди муборизаи хеле шадиду беамон шуданд, вале батъд аз тан дар доданаш ба шикаст, Клинтон дар мароҳили ниҳоии интихобот ба сафи тарафдорони Обама пайваст ва ба хотири пуштибонӣ аз вай дар беш аз 50 раҳпаймоӣ ширкат варзид.
Хонум Клинтон рӯзи 4 ноябр, дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, бори дигар ба ситоиш аз Обама пардохт ва ӯро ҳамчун як раҳбари қавӣ ва муассир тавсиф кард: “Ман аз ин ки чунин шумори мардум, ба хусус аз миёнаҳои сентябр дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ, ба корзори демократҳо ва ба паёми Обама посух доданд, хеле хуш шудам. Интихобкунандагон фаҳмидаанд, ки мо мо дар ин марҳалаи ҷиддӣ ба як раисиҷумҳури ҷиддӣ ниёз дорем. Ба назари ман, Барак нишон дод, ки дар воқеъ ба раҳбарии собиту хунсардона ва муассир дар муқобили бӯҳрон қодир ҳаст.”
Волии аёлати Ню-Мексико Билл Ричардсон дар гузашта як муддат вазири энержии Амрико ва сафири Амрико дар СММ буд. Ҳилларӣ Клинтон, ҳамсари раисиҷумҳури собиқи Амрико Билл Клинтон ва сенатор аз аёлати Ню-Йорк 61 сол дошта, узви кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенат аст. Клинтон як дафъа дар посух ба ин суол, ки оё барои касби ягон мақоми расмӣ дар маъмурияти Обама омода ҳаст, гуфта буд, аз он ифтихор мекунад, ки дар Конгресс намояндаи аёлати бузург ва муҳиме, чун Ню-Йорк аст, вале ҳамзамон омода ҳаст ба хотири расидан ба аҳдофи бузурге, ки Барак Обама пеш гузоштааст, низ аз худ дареғ надорад.