Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Бразилияро ба таҳримҳо алайҳи Эрон мехонад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи ИМА
Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи ИМА

Яке аз ҳадафҳои сафари вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Бразилия баррасии мавзӯи эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон унвон мешавад.

Бразилия муҳимтарин нуқтаи силсиласафари вазири хориҷаи Амрико ба 6 кишвари Амрикои Лотинӣ маҳсуб шуда, Ҳилларӣ Клинтон пинҳон намекунад, ки ҳадафи аслиаш аз сафари Бразилия ба даст кашидан аз мухолифат ба эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон дар Шӯрои амният мутақоид сохтани раиси ин ҷумҳурӣ Лула да Силва мебошад.

Амрико дар ҳоли ҳозир талош дорад, пуштибонии бештари шарикони байналмилалиашро дар ин масъала ба даст биёрад.

Ахиран Русия - яке аз 5 узви доимии Шӯрои амнияти СММ, ҳам эълон кард, ки мухолифи таҳримоти нави, ба гуфтаи Маскав, “оқилона” алайҳи Эрон нест. Вале Бразил, ки ҳарчанд узви ғайридоимии Шӯрои амният аст ва ҳаққи вето надорад, ба гуфтаи раисиҷумҳураш Лула да Силва, “мутмаин нест, ки таҳримот ба нафъи кор бошад.” Вазорати хориҷаи Амрико чунин дидгоҳро “иштибоҳӣ” хондааст.

Ҷалби шарикони нав

Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Амрикои Лотинӣ ба дунболи боздид аз Ховари Миёна аст, ки зимни он сафар вай аз Арабистони Саудӣ - бузургтарин таъминкунандаи нафти Чин хост, то бо истифода аз нуфузаш Пекинро ба пуштибонӣ аз бастаи нави таҳримот бар зидди Теҳрон мутақоид кунад.

Клинтон ҳанӯз ҳафтаи гузашта ба Кумитаи равобити хориҷии Сенат гуфт, дар ин марҳалаи баҳси эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Эрон ин масъала дар раъси дастури кори ӯ қарор мегирад.

Вай гуфта буд, "ман ҳафтаи оянда ба Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла ба Бразилия сафар хоҳам кард. Мо, нафақат ман, балки тамоми мақомоти аршади вазорати хориҷа басиҷ шудаем, ки ба таври хеле мустақим зарурати таҳримотро матраҳ кунем.”

Дар ин лобало сафари Бразилия барои Клинтон чунон муҳим аст, ки ӯ ба манзури музокироти пешакӣ ба ин кишвар муовини аршадаш Вилям Бёрнсро фиристод. Бёронс дар гурӯҳи “5 ҷамъи 1”, ки роҳҳои қатъи фаъолиятҳои ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад, раҳбарии ҳайъати Амрикоро бар ӯҳда дорад.

Мавқеи Бразилия

Бразилия дар моҳи январ яке аз 15 узви Шӯрои амният шуд. Ин ниҳоди СММ, ба гуфтаи дипломатҳои амрикоӣ, аллакай дар посух ба саркашии Эрон аз иҷрои тақозоҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба баҳси бастаи нави таҳримот алайҳи ин кишвар шурӯъ кардааст.

Ғарб хафв мебарад, ки Эрон дар зери либоси барномаҳои ҳастаӣ қасди сохтани таслиҳоти ҳастаиро дорад. Вале Теҳрон ин иддаоро ҳамеша радд карда, мегӯяд, ҳадафаш танҳо тавлиди сӯхти ҳастаист.

Вошингтон мехоҳад Шӯрои амният пешниҳоди эъмоли таҳримоти сангин алайҳи Эронро бо иттифоқи оро пазируфта, ба Теҳрон паёми рӯшан бидиҳад, ки оқибати ҷудоияш аз ҷомиаи байналмилалӣ чӣ хоҳад буд.

Шарики муҳими тиҷоратии Эрон

Дар ин маврид ҳимояти Бразилия аз таҳримоти нав фавқулодда муҳим ба назар мерасад. Чунки, бино ба омори Сандуқи байналмилалии пул, Бразилия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Эрон буда, тиҷорати миёни ду кишвар аз 1 миллиарду 260 миллион доллари ду соли пеш дар соли гузашта 88 дарсади дигар афзудааст.

Ду кишвар дар соҳоти энержӣ ҳамкории зиёд дошта, Бразилия ба Эрон асосан шакар ва гӯшти гов мефурӯшад, ки ба хотири зери по нашудани таҳримоти мавҷуда тавассути Дубай содир мешавад.

Раиси ин ҷумҳурӣ Лула да Силва, ба фарқ аз Амрикову муттаҳидинаш, ки аз роҳи таҳримот пуштибонӣ мекунанд, ба таври мукаррар хостори идомаи роҳи гуфтугӯ ва намоиши ҳусни таҳаммул дар қиболи Эрон шудааст.

Дӯстии Аҳмадинажод ва Силва

Аммо ба ҷуз аз ҳамкориҳои тиҷорӣ равобити хуби шахсӣ миёни руасои ин ду ҷумҳурӣ Лула да Силва ва Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам дар миён ҳаст ва да Силва дар моҳи ноябр, зимни боздиди Аҳмадинажод аз Бразилия бори дигар ба тавлиди сӯхти мусолиматомези ҳастаӣ ҳақ доштани Эронро таъкид кард.

Аммо ӯ ҳамзамон аз ҳамтои эрониаш даъват кард, ки ҳамкориро бо “кишварҳои манфиатдор” ба манзури ҳалли мушкили барномаҳои ҳастаии кишвараш идома диҳад.

Аммо баъди чанд рӯз Бразилия алайҳи қатъномаи Ожонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ раъй дод, ки Эронро ба қатъи билофосилаи эҳдоси корхонаи нави ҳастаии Қум даъват мекард.

Сафири Бразилия Антони Гуррейро гуфтааст, “гуфтугӯ беҳтар аз ихтилоф аст ва роҳи таҳримот ба ҷое нахоҳад бурд.”

Талошҳои Ҳилларӣ Клинтон


Ҳадафи Клинтон акнун ин аст, ки Бразилияро ба дидгоҳи чунин мавзеъгириаш дар қиболи масъалаи Эрон мутақоид кунад. Ҳилларӣ Клинтон ду рӯз пеш дар Буэнос-Айрес, пойтахти Аргентина гуфт, бо раисиҷумҳури Бразилия ин масъаларо баҳс хоҳад кард, ки “Амрико ҳаққи Эрон ба сӯхти ҳастаии ғайринизомиро эътироф мекунад, вале бар асоси Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, ҳаққи сохтани таслиҳоти ҳастаиро надорад.”

Ёвари ӯ дар умури кишварҳои нимкураи ғарбӣ Артуро Валенсуэла қабл аз оғози силсиласафари Ҳилларӣ Клинтон ба Амрикои Лотинӣ дар ин бора гуфт, “мо ҳамкорони бразилиягии худро ташвиқ мекунем, ки Эронро низ ташвиқ кунанд, то бо иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ, ки ба назари мо, пурра иҷро намешаванд, эътимоди ҷомиаи байналмилалиро ба даст биорад. Мо аз Бразилия даъват хоҳем кард, бо истифода аз равобиташ бо Эрон дар ин масъала нақши созандаеро бозӣ кунад.”

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Бразилия ба ин ҳама чӣ посух хоҳад дод. Лула да Силва ахиран дар Мехико алайҳи роҳи пешгирифтаи СММ ҳушдор дод ва гуфт, “сулҳи ҷаҳон маънои дар инзивоъ қарор додани касеро надорад.”
XS
SM
MD
LG