Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонувони аввали кишварҳои Осиёи Марказӣ


Қиссаи талоқи раисҷумҳури собиқи Русия Владимир Путин аз ҳамсараш ва эҳтимоли оиладоршавии дубораи ӯ бо варзишгари маъруф, ки баъдан такзиб шуд, таваҷҷӯҳ ба ҳамсарони раҳбарони имрӯзу дирӯзи кишварҳои Осиёи Марказиро ҷалб намудааст.

Шореҳону таърихшиносон мегӯянд, одатан ҳамсарони раҳбарони Осиёи Марказӣ аз назар дур мебошанд, вале нақши онҳо дар пешрафти шавҳарҳояшон хеле бузург аст. Ба хусус агар онҳо русзабон бошанд.

Аксари раҳбарони давраи шӯравии Тоҷикистон ҳамсари рус доштанд. Аз ҷумла завҷаи собиқ раҳбари ҷумҳурӣ академик Бобоҷон Ғафуров, ки қаҳрамони миллии ин кишвар ба ҳисоб меравад, русзабон буд. Завҷаи президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рус мебошад. Президенти Узбакистон Ислом Каримов ду дафъа ҳамсари русзабон ихтиёр намудааст. Собиқ президенти Туркманистон Сапармурод Ниёзов, ки худро Туркманбошӣ - "Падари туркманҳо" унвон дода буд, ҳамсари рус дошт.

Эҳтимол ишқ боис гардид, ки онҳо бо намояндаи қавми дигар оила бунёд намуданд, вале баъзеҳо бар ин назаранд, ки ҳамсари русзабон ба пешрафти корӣ ҳам кумак мекард. Абдуллоҳ Абдулқодир-уғлӣ, шореҳи мустақили муқими Тошканд, мегӯяд, издивоҷи раҳбарон бо занони рус тасодуфӣ нест.

Ба гуфти номбурда, ҳамсари рус ва ё ҳадди ақал русзабон намоиши садоқат ба Маскав буд ва вақте ҳукумати марказӣ аз миёни номзадҳои маҳаллӣ раҳбар интихоб мекард, ин омили ҳалкунанда буд.

Дар мавриди занон аҳвол чунин набуд. Занони Осиёи Марказӣ барои гирифтани вазифаи баланд ба ҳамсари русзабон эҳтиёҷ надоштанд. Ҳануз ҳам занони рус бар иловаи ишқ метавонанд мушкили зиёди мардони Осиёи Марказиро ҳал кунанд. Дар Русия миллионҳо нафар муҳоҷирони кории ин минтақа ба сар мебаранд. Шуморе аз онҳо ҳамсари рус интихоб намудаанд. Оила бо рус имкон медиҳад, ки муҳоҷирон аз таъқиби ниҳодҳои интизомии Русия халос шуда, ба таври имтиёзнок соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Ва аммо агар сӯҳбатро аз президентҳо давом диҳем, ҳамсари украинии президенти Украина Виктор Юшенко шаҳрванди ИМА мебошад. Ҳамсари президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ шаҳрванди Ҳолланд аст. Ҳар ду раисҷумҳур дар даврони инқилоби рангоранг сари қудрат омадаанд. Тасодуф аст? Ё ин ки тамоюли нав? Шояд, вақт нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG