Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони дифоъи ИДМ дар Бишкек


Дар шаҳри Бишкек мулоқоти вазирони дифоъи даҳ кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид.

Дар ин мулоқот дасти кам бист масъала мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки гуфта мешавад, баррасии ин масъалаҳо дар тавсеъаи равобити низомии миёни кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳад кард.

Бақитбек Калиев, вазири дифоъи Қирғизистон, натиҷаҳои мулоқоти вазирони дифоъро хеле муфид арзёбӣ кард ва афзуд, ки он дар фазои ҳусни тафоҳум, дӯстона ва эҳтироми тарафайн сурат гирифт.

Аммо ба гуфтаи Сафар Абиев, вазири дифоъи Озарбойҷон, низоъ ва даргириҳо дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мушкилоти рақами аввал боқӣ мондааст. Оқои Абиев гуфт, низоъҳо дар Қафқоз, муноқишаҳои байни Озарбойҷон ва Арманистон, ки мунҷар ба дасти арманиҳо гузаштани 20 дарсади қаламрави Озарбойҷон шудааст, дар миёни аъзои Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ягон вокуниши ҷиддиро ба бор наовард.

Ба гуфтаи Сафар Абиев, гузашта аз ин ягон вазири дифоъ дар мавриди муноқишаҳои Қафқоз мавқеъи кишварашро мушаххас баён накард, ки боиси таассуф аст. Вай афзуд, мушкилоте, ки дар ин минтақа эҷод шудааст, дар равобити миёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил рахнаи шадид ворид хоҳад кард.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, гуфт, ки кишвараш бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Вай гуфт, дар ҳамин ҳол таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ маводи мухаддир аст, ки аз Афғонистон ба хориҷи ин кишвар интиқол меёбад. Бар асоси суханони вазири дифоъи Тоҷикистон, натиҷаҳои се моҳи соли равон собит намудаанд, ки интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба 40 дарсад афзудааст. Шералӣ Хайруллоев гуфт, ки аммо Афғонистон ба суботи Осиёи Марказӣ таҳдиди низомӣ эҷод нахоҳад кард.

Дар мулоқоти вазирони дифоъ натиҷаи фаъолиятҳои Кумитаи ҳамоҳангсози назди Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд дар умури ҳимояи зиддиҳавоӣ ба тасвиб расид.

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар мулоқоти 54-уми вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ ширкат ва суханронӣ кард. Оқои Боқиев гуфт, ки натиҷаҳои ин нишаст дар мавриди таъмини амнияту суббот дар фазои ИДМ ва тамоми ҷаҳон хидмат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG