Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳиба бо сафири Тоҷикистон дар Амрико


Аз чап, Ҷорҷ Даблю Буш, президенти Амрико ва Абдуҷаббор Ширинов, сафири Тоҷикистон.

Як сол пеш, ҳангоме ки А. Ширинов ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Амрико таъин гардид, бисёриҳо суол мекарданд, ки оё вай шахси дур аз дипломатия нест.

Абдуҷаббор Ширинов, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ҷадвали кори ҳаррӯзааш хеле пурмуҳтавост, вале бо вуҷуди тангии вақт метавонад, ҷашни Наврӯзро бо донишҷӯёни тоҷик таҷлил кунад.

  • Ҳамкории ҳамарӯза бо ҳукумати Иёлоти Муттаҳида.
  • Мулоқот дар Бонки Ҷаҳонӣ.
  • Гузориш барои Бунёди Байнулмилалии Асъор.
  • Гуфтугӯ бо сармоягузорони амрикоӣ.
  • Дарёфти коршарики тоҷик барои донишгоҳи амрикоӣ.
  • Дидор бо ҳамватанон ва ғайра.


Cафир Ширинов мегӯяд, ҳамзамон бо кори ҳаррӯза дар пайи омӯзиши ҳирфаи нави дипломатист. Вай риштаи иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аммо ба ҳайси барномарези компютерӣ ба саҳна омадааст. Бо вуруди фанновариҳои нав ба соҳаи бонкдорӣ корманди бонк, сипас узви мудирияти бонки кишоварзӣ ва аз он ҷо ба мақоми ноиби аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъин гаштааст.

Аз якуми феврали соли 2007 сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Наздиктарин нақшаашро сафир дар таъсиси ҷамоаи воҳид ва фаъоли тоҷикони Амрико мебинад.

Видеои гуфтугӯ бо сафирро ин ҷо тамошо кунед:

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG