Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Би-Би-Си: нуфузи Амрико дар ҷаҳон афзудааст


Бахши ҷаҳонии ширкати Би-Би-Си дар 34 кишвари ҷаҳон назарсанҷие анҷом додааст, ки тибқи он, назари мусбати мардум ба ИМА 4 дарсад боло рафтааст.

Бо ин вуҷуд, нигоҳи манфӣ ба нақши Амрико ҳамоно дар як сатҳи баланд боқӣ мондааст. Пурсидашудагон дар ин назархоҳӣ бештар аз ҳама нисбат ба нақши Эрон ва Исроил назари манфӣ доштаанд. Назарсанҷии Би-Би-Си ҳокист, ки нигоҳи мусбат ба нақшу нуфузи Амрико дар дунё 4 дарсад афзуда ва назари манфӣ ба ҷойгоҳи ин кишвар баръакс 5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бахши ҷаҳонии Би-Би-Си дар ин назархоҳӣ дидгоҳи тақрибан 17 500 нафар дар 34 кишвари ҷаҳонро перомуни нақш ва нуфузи 13 кишвари умда ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо пурсидааст. Ин назарсанҷӣ тайи 3 моҳ сурат гирифта, дар поёни моҳи январи соли равон поён ёфтааст. Бар асоси натоиҷи он, 35 дарсади пурсидашудаҳо нуфузи Амрикоро “асосан мусбат” ва 47 фоиз “асосан манфӣ” донистаанд. Эътибори байналмилалии Амрико, таври маълум, дар пайи ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 ба шиддат пойин рафт.

Мардуми пурсидашуда дар ин назарсанҷӣ назари нисбатан хубтари худ ба нақши кунунии Амрикоро ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати он ҷумҳурӣ иртибот додаанд. Мудири Барномаи мутолиъоти сиёсатҳои байнулмилалии Донишгоҳи Мерилэнди Амрико Стивен Калл мегӯяд, ғолибан ин умедворӣ, ки маъмурияти нави Амрико аз идомаи сиёсати хориҷии дар ҷаҳон чунин номаҳбуби маъмурияти кунунӣ даст хоҳад кашид, дидгоҳҳо нисбат ба Амрикоро нармтар кардааст.

Аммо бо вуҷуди як каме нармтар шудани нигоҳҳо назарсанҷии Би-Би-Си ҳокист, ки дидгоҳи мардуми ҷаҳон ба нуфузи Иттиҳодияи Аврупо ва дигар қудратҳои муҳими дунё нисбат ба Амрико бештар мусбат будааст. 56 дарсади пурсидашудаҳо ба Олмону Ҷопон, 52 дарсад ба Иттиҳодияи Аврупо ва 50 фоиз ба нуфузи Фаронсаву Бритониё назари “асосан мусбат” доштаанд.

Ҳамин тавр, бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, нуфузи Бразилу Чин ва Ҳинду Русия нисбат ба нуфузи Амрико дар ҷаҳони муосир бештар баҳои мусбат гирифтааст. Пурсидашудагон Амрикоро танҳо аз кишварҳое, чун Куриёи Шимолӣ, Эрон, Исроил ва Покистон боло гузоштаанд. Танҳо 18 дарсад нуфузи Покистон, 19 дарсад – нуфузи Исроил ва ҳамагӣ 20 дарсад – нақши Эронро дар ҷаҳон “асосан мусбат” дарёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, 50 дарсади пурсидашудаҳо нақши Покистон, 52 дарсад нуфузи Исроил ва 54 дарсад нуфузи Эронро “асосан манфӣ” баҳо додаанд.

Пурсидашудаҳо барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эронро як далели аслии чунин дидгоҳи манфии худ нисбат ба Теҳрон ном бурдаанд. Амрико ва кишварҳои Аврупо бар ин гумонанд, ки Эрон тавассути фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш мехоҳад ба тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ даст биёбад. Аммо Эрон боисрор мегӯяд, барномаҳои ҳастаияш танҳо аҳдофи мусолиматомезро дунбол мекунанд.

Даг Миллер, раҳбари ширкати назарсанҷии Глобскан, масъули баргузории ин назархоҳӣ барои бахши ҷаҳонии Би-Би-Си, мегӯяд, Эрон, ба ин тартиб, баҳои баҳси ҳастаияш бо СММ-ро мепардозад. Раҳбари Глобскан мегӯяд, маҳз барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш боис шуда, ки нуфузи Эрон дар назари ҷаҳониён аз ҳама манфӣ арзёбӣ шавад.

XS
SM
MD
LG