Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод маъракаи интихоботиро шурӯъ кард


Маҳмуди Аҳмадинажод маъракаи интихоботии худро бо як суханронии бепарда бар зидди Ғарбу Исроил ва ҳамчунин бар зидди ислоҳотталабони кишвараш оғоз кард.

Раисиҷумҳур рақибони ислоҳотталаби худро муттаҳам кард, ки онҳо талош доштаанд бо сиёсатҳои ташаннуҷзудоии худ ё оштиҷӯёна бо Ғарб тавоноии Эронро заиф созанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки барои давраи дуввуми раёсати ҷумҳуриаш муборизаро оғоз кардааст, дар суханронии худ лаҳни таҳоҷумии худро бар зидди Ғарб ҳифз карда буд. Вай 22-юми май хитоб ба ҷонибдорони худ дар Теҳрон гуфт, ки "миллати Эрон султаи қудратҳои ситампешаро таҳаммул нахоҳад кард".

Ҷонибдорони ӯ дар як майдони варзишии баста гирдиҳам омада буданд, то ба нахустин суханронии вай дар оғози маъракаи интихоботиаш гӯш диҳанд. Дар ҳоле, ки то рӯзи интихоботи раёсатаи ҷумҳурии 12-уми июн 20 рӯзи дигар мондааст, вай рӯзи ҷумъа маъракаи интихобиташро ба таври расмӣ оғоз кард.

Аҳмадинажод аз ҷумла аз ҳукумати Муҳаммади Хотамӣ, раисиҷумҳури пешини ислоҳталаб, интиқод кард ва гуфт, ки сиёсатҳои вай дар амал ҳадафҳои миллати Эронро решакан кард ва саъй мекард, нақшеро барои худ бипазирад, ки ба вай аз Ғарб таҳмил мекарданд. Аҳмадинажод дар суханронии худ қадамашро пештар гузошт ва душманони Эронро бо "саг" муқоиса кард ва гуфт, "агар шумо ақибнишинӣ кунед, онҳо ҳамла мекунанд, агар шумо ҳамла кунед, онҳо ақибнишинӣ мекунанд".

Се нафар аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон Мирҳусейни Мусавӣ - нахуствазири собиқи Эрон, Меҳдӣ Каррубӣ -раиси собиқи Маҷлис ё порлумони Эрон ва Муҳсин Ризоӣ -фармондеҳи собиқи сипоҳи посдорони инқилоб ҳастанд. Бештар аз 450 нафари дигар аз номзадҳоеро, ки сабти ном шуда буданд, Шӯрои Нигаҳбон барои ширкат дар интихобот ба тасвиб нарасонд. Дар миёни онҳо 42 нафар занон низ буданд.

Тибқи қонуни Эрон Шӯрои Нигаҳбон ҳақ дорад номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳуриро баррасӣ кунад. Дар миёни чаҳор номзади кунунӣ Аҳмадинажод аз ҳимояти оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ - раҳбари рӯҳонии ин кишвар бархурдор аст.

Рақибони Аҳмадинажод дар ҷараёни маъракаи интихоботии худ аз барномаҳои иқтисодии вай интиқод мекунанд. Масалан, Мусавӣ - рақиби аслии вай аз ҷиноҳи ислоҳталабон ҳукумати Аҳмадинежодро барои таварруми пул ва афзоиши бекорӣ интиқод кардааст. Фотима Ғуломӣ - сокини Теҳрон мегӯяд, вай аз номзадии Мусавӣ ҷонибдорӣ мекунад, зеро барномаҳои иқтисодии вай дар давраи ҷанги зидди Ироқ дар солҳои 1980-ум дуруст будааст: "Ман шинохте, ки аз эшон дорам, ҳамин ки мо дар даврони ҷанг аз гуруснагӣ намурдем. Ҷанге, ки тамоми дунё ҳимоят аз душмани мо карданд ва ҳеҷ чиз гарон нашуд. Ҳатто мадрасаҳо таътил нашуд".

Иброҳим Наҷиён, яке дигар аз ҷонибдорони Мусавӣ дар Теҳрон, мегӯяд, вай умед дорад, ки нахуствазири собиқ шароити зисти мардумро беҳтар хоҳад кард: "Ман ба Мирҳусейни Мусавӣ раъй медиҳам, далели интихоби ман ин аст, ки эшон дар 8 соли дифои муқаддас имтиҳони худашонро пас доданд".

Ислоҳталабони Эрон умед доранд, ки ширкати зиёди мардум дар интихобот ба онҳо имкон хоҳад дод, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шаванд.
XS
SM
MD
LG