Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нахустини набард дар Қандаҳор


Ба иттилоъи вазорати дифоъи Афғонистон, дар амалиёти густурда дар деҳистони Арғандоби Қандаҳор 2 сарбози артиши ин кишвар ва 35 толиб ҳалок шудаанд.

Амалиёти густурдаи нерӯҳои НАТО ва артиши миллии Афғонистон зидди шӯришиёни Толибон баъди рӯзи 13-уми июн аз зиндони Қандаҳор фирор кардани шумори зиёди ҷангиён идома дорад. Низомиён мегӯянд, ки ҷангиёни зиёд дар деҳоти канораҳои Қандаҳор дар байни боғҳову дарахтзорҳои маҳаллӣ сангар гирифтаанд.

Дар амалиёти Қандаҳор низомиёни афғонистониву байнулмилалӣ аз ҳама васила, аз ҷумла чархболҳои «Апачӣ» истифода мекунанд. Тибқи иттилоъи ба дастомада, ҷангиён дар шимоли шаҳри Қандаҳор дар якчанд деҳа мустақар шудаанд.

Аҳмад Валӣ Карзай, раиси шӯрои Қандаҳор ва бародари раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дар сӯҳбат бо радиои «Афғонистони Озод» гуфт, ки ҳадди аққал аз се як ҳиссаи ҷангиён аз кишварҳои хориҷӣ омадаанд. Вай афзуд, аз се як ҳиссаи онҳо хориҷиҳо, аз ҷумла арабҳо, чеченҳо, чиноиҳо ва баъзе сокинони қабилаҳои Вазиристони Покистон мебошанд. Аҳмад Валӣ Карзай афзуд, ки ба эҳтимоли ғолиб, толибони аз зиндон фироркарда ҳам дар миёни онҳо мебошанд.

Дирӯз генерали низомӣ Карлос Бранко, сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, роҷеъ ба ҷараёни амалиёт гуфт, «амалиёти имрӯза як бахши амалиёти густарда дар вилояти Қандаҳор аст. Алҳол мо теъдоди бузурги ошубгаронро надидаем, фақат бархурди ночиз ба амал омадааст. Ва аммо ин маънои онро надорад, ки ошубгарӣ дар ин ҷо мавҷуд нест».

Хабарнигорони радиои «Афғонистон Озод» аз рӯйдодҳои ахир пайгирӣ доранд. Дирӯз Давохон Минопал дар Қандаҳор тавонист ба макони амалиёт наздик шавад. Вай вазъи деҳистони Арғандобро чунин тасвир кард:

"Чархболҳои НАТО ва ҳавопаймоҳои низомӣ тамоми субҳ дар фазои минтақа дар парвозанд. Ман аз дур садои тупхона ва мусалсалро мешунавам. Мардуми русто ҳанӯз ҳам аз минтақаи набард фирор мекунанд. Аз онҳо рӯзҳои пеш хоҳиш карда буданд, ки ин ҷоро тарк намоянд. Чархболу ҳавопаймоҳо аз болои минтақа парвоз мекунанд ва ман мебинам, ки онҳо ду ҳадафро бамборон мекунанд. Ва ман садои таркишҳои шадид дар минтақаро мешунавам".

Оқои Минопал афзуд, ки нерӯҳои НАТО талош доранд ба маҳалли рӯйдодҳо, яъне деҳои Арғандоб хеле эҳтиёткорона наздик шаванд.

Тибқи хабарҳое, ки аз Афғонистон мерасад, сокинони маҳаллии Арғандоб аз рӯи тарзи пӯшиши либос ва кулоҳи пакули ҷангиҳо пай бурдаанд, ки дар миёни онҳо покистониҳо хеле зиёд будаанд.

XS
SM
MD
LG