Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории Қандаҳорро маҳкум мекунанд


Британия ва Фаронса бомбгузории маргталабона дар шаҳри Ағани вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистонро, ки дирӯз ҳаёти наздик ба 80 нафарро аз байн бурд, маҳкум кардаанд. Вазири корҳои хориҷии Британия Дейвид Милибенд гуфт, ин амали "террористии нафратовар" аст.
Президенти Фаронса Николас Саркозӣ иброз дошт, ки бомбгузорӣ тасмими ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба Кобул дар бунёди кишвари осоиштаву оромро таҳким мебахшад.
Зоҳиран ҳамла маҳсули дасти Толибон аст.
XS
SM
MD
LG