Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Ҷакая Киквете, сарвари Танзания имрӯз санадеро имзо карданд, ки тибқи он Амрико тайи панҷ соли оянда ба ин кишвари африқоӣ ба маблағи 698 миллион доллар кумак ироа хоҳад кард. Дирӯз сафари Ҷорҷ Буш ба он кишварҳои африқоие шурӯъ шуд, ки ислоҳоти демократиро пиёда месозанд ва аз кумакҳои Амрико бархурдоранд. Ин нахустин сафари Буш ба қораи Африқо дар панҷ соли ахир аст.
Дирӯз президенти ИМА аз Бенин дидан карда буд ва қарор аст, ки ҳамчунин бо раҳбарони Руанда, Гана ва Либериё дидору гуфтугӯ кунад. Ҳадафи сафар – ироаи кумакҳои Амрико ба ин кишварҳо дар мубориза бо фасод, фақр ва маризиҳои СПИД-у табларза эълон шудааст.