Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис раҳбари нав интихоб мекунад


Ин субҳ дар бахши юнонии ҷазираи Қибрис интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Тибқи назарпурсиҳо, барои дарёфти курсии раҳбари Қибрис миёни раисиҷумҳури феълӣ Тассос Пападопулос ва ду рақиби ӯ муборизаи шадид сурат мегирад ва пирӯзии яке аз номзадҳо дар даври аввал байид ба назар мерасад.

Раисиҷумҳури нав бояд бо раҳбари қисмати туркиии Қибрис дар мавриди муттаҳидсозии ҷазира музокирот кунад. Қибрис баъди низоъи қавмӣ дар соли 1974 ба ду бахш – юнонӣ ва туркӣ тақсим шудааст.

XS
SM
MD
LG