Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони Тоҷикистон - дар ҷаласаи СММ


Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ, дар суханрониаш дар Маҷмаъаи кулли ин созмон аз сармои бесобиқа дар кишвараш ёдовар шуд.

HамояндаиТоҷикистон аз ҷомиъаи ҷаҳонӣ хостааст, ки талошҳо барои мутобиқшавӣ ба таҳдидҳои табиъиро пурзӯртар кунад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, ингуна зимистони сард дар Тоҷикистон дар 50 соли ахир рух надода буд ва “бар асари он шохобҳои дарёҳо як баста, теъдоди бузурги лӯлаҳои обкаш корношоям гардид ва буҳрони энержӣ ба миён омад”. Ӯ афзуд, ки “бештари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, ҳосили зироъатҳои тирамоҳӣ қариб комилан нобуд гардид ва ба боғу токзор хисорот ворид шуд.
Ба гуфтаи намояндаи Тоҷикистон, зиёни иқтисодии зимистони бесобиқа сард садҳо миллион долларро ташкил медиҳад. Оқои Аслов аз муассисаҳои СММ ва кишварҳои узви он барои кумак ва пуштибонии Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Ёдовар мешавем, қаблан СММ аз вазъи башарӣ дар Тоҷикистон бар асари сармои бесобиқаи имсола изҳори нигаронӣ карда буд. Мишел Монтас, сухангӯи Дабири кулли СММ, изҳор дошт, ки айни ҳол беш аз 260 000 сокинони Тоҷикистон ба кумаки оҷил ниёз доранд. Ӯ ҳамчунин ба мушкили марбут ба камбуди нерӯи барқу оби пок ва вазъи тоқатфарсо дар макотиби Тоҷикистон ишора кард.
Ба дунболи изҳороти хонум Монтас, UNICEF – Бунёди атфоли СММ – хабар дод, ки тасмим гирифтааст дар чаҳорчӯби кумакҳо ба Тоҷикистон ба шифохонаҳои ин кишвар таҷҳизоти тавлиди барқ фиристад. Аз ин пеш чанд кишвар ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони конфаронси исломӣ, изҳор кардаанд, ки ба Тоҷикистон кумаки башарӣ интиқол хоҳанд дод.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко дар суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон кумакҳои фаврӣ ироъа кунад. Ва аммо дар бораи он, ки Киев ба Тоҷикистон чи кумаке хоҳад кард, алҳол иттилоъе зери даст нест.
XS
SM
MD
LG