Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ дар Лубнон


Имрӯз дар Бейрут расми дафни фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ Имод Муғниё барпо мешавад, ки рӯзи сешанбе аз таркиши мошинаш дар Димишқ, пойтахти Сурия ба ҳалокат расид. Муғниё дар муҳимтарин номгӯи афроди мавриди ҷустуҷӯи Амрико қарор дошт ва ба ширкат дар чандин ҳамлаи зидди Исроил ва манофеъи ғарбӣ айбдор мешуд. Ҷунбиши Ҳизбуллоҳ Исроилро масъули қатли Муғниё мешуморад. Аммо Исроил ин иттиҳоро рад мекунад. Дафни Муғниё дар рӯзе барпо мешавад, ки ҳукумати ғарбгарои Лубнон дар савумин солгарди қатли сарвазири собиқи ин кишвар Рафиқ Ал Ҳарирӣ раҳпаймоӣ созмон медиҳад. Дар ин байн хадамоти амняити Исироил ба ҳамаи сафорат ва ниҳодҳои исроилӣ дар саросари ҷаҳон дастур дод, ҳушманди ҳамлаҳои интиқомҷӯёна бошанд.
XS
SM
MD
LG