Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду гирдиҳамоӣ дар Лубнон


Имрӯз пайравони ҳукумати ғарбгарои Лубнон ба ёди собиқ сарвазири ин кишвар Рафиқ Ҳарирӣ дар шаҳри Бейрут гирдиҳамоии ёдбуд барпо мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин ҷамъомад садҳо ҳазор нафар иштирок мекунад. Ҳарирӣ ва 22 нафари дигар 14-уми феврали соли 2005-ум бар асари бомбгузории мошин ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе пайравони ҷумбиши Ҳизбуллоҳи рӯ ба Сурия ба ёди Имод Муғния дар ҷануби Бейрут раҳпаймоии ёдбуд доир хоҳанд кард. Муғния- яке аз раҳбарони Ҳизбуллоҳ, рӯзи сешанбе дар натиҷаи як бомбгузорӣ дар шаҳри Димашқи Сурия ба қатл расид.
XS
SM
MD
LG