Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст дар парламенти Ироқ


Раиси парламенти Ироқ таҳдид кардааст, ки маҷлиси қонунгузорро пароканда мекунад. Таҳдиди Маҳмуд Машҳадонӣ баъди он пахш шуд, ки рӯзи сешанбе издиҳоми вакилони мардумӣ овоздиҳӣ дар масъадаи буҷети соли 2008-ум ва як идда қонунҳои калидиро бо бунбаст мувоҷеҳ намуданд. Чанд ҳафта инҷониб қонунгузорони ироқӣ дар масъалаи буҷети баробар бо 48 миллиард доллар мубоҳиса доранд. Машҳадонӣ мегӯяд, масъулияти бунбаст бар дӯши вакилони курдтабор аст. Онҳо мехоҳанд 17 % даромади миллӣ дар дасти ҳукумати маҳаллии онҳо бошад. Вакилони суннитабор ва шиа бар ин назаранд, ки тақозои курдҳо ғайри қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG