Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 10 моҳ дар Афғонистон 98 мактабро оташ задаанд


Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон мегӯяд, дар зарфи 10 моҳи гузашта тақрибан 147 тан аз донишҷӯёну устодони макотиб дар ин кишвар кушта шуда, ҳудуди 98 мактабро оташ задаанд. Аммо бо ин вуҷуд, бар асоси омори ин вазорат, шумори хонандагони макотиб дар соли ҷорӣ ба 800 000 нафари дигар афзуда, ба 5,7 миллион нафар расидааст.

Вазорати маорифи Афғонистон ҳушдор дода, ки набуди дастрасӣ ба таълими динӣ дар мадориси расмӣ боиси ба мадориси ғайрирасмӣ рӯ овардани толибилмон мешавад. Ва одатан ба мадорисе, ки дарси террор медиҳанд, ҳушдор додааст вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон.

XS
SM
MD
LG