Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба ҷустуҷӯи сафири Покистон шурӯъ кардаанд


Мақомоти Покистон ба ҷустуҷӯи сафири аз дирӯз нопадидшудаи ин кишвар дар Афғонистон Тариқ Азизуддин шурӯъ кардаанд. Тариқ Азизуддин рӯзи душанбе, 11 феврал ҳангоме ки аз Пешовари Покистон савори мошин ба Кобул, пойтахти Афғонистон бармегашт, нопадид шуд.

Мақомот хафв мебаранд, ки ӯро шояд дар минтақаи хушунатзадаи Хайбар рабуда бошанд. Хайбар аз минтақаҳои қабиланишини воқеъ дар наздикии марз бо Покистон аст.

XS
SM
MD
LG