Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кайҳон озмоишгоҳи доимии Аврупо насб шуд


Кайҳоннавардон озмоишгоҳи аврупоии Колумбусро ба пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ насб намуданд. Ин аввалин василаи доимии таҳқиқоти аврупоӣ дар кайҳон аст. Қимати ин озмоишгоҳ ба 1,9 миллиард доллар баробар буда, таҷҳизоти он барои пажӯҳишҳои гуногун имконпазир мебошад. Колумбус мебоист дар соли 2002-ум ба кайҳон фиристода шавад, вале мушкили киштиҳои кайҳонӣ ба иҷрои ин барнома монеъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG