Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Руминия корхонаи Nokia ифтитоҳ ёфт


Ширкати арзакунандаи телефонҳои ҳамроҳи Nokia имрӯз корхонаеро дар Руминия боз кард. Ин маросим чанд соат баъди он ҷараён гирифт, ки дар Олмон тазоҳуроти коргарони норозӣ аз басташавии як чунин корхона сурат гирифт. Корхонаи нав дар шаҳри Клужи воқеъ дар шимолу ғарби Руминия таъсис ёфта, арзиши он 120 миллион евро баровард шудааст. Барои кор ба ин корхона 1200 нафар истихдом шудаанд. Ин корхона чун бахше аз барномаи Nokia барои таъсиси чунин муассисаҳо дар нуқоти начандон гарони аврупойӣ арзёбӣ мешавад. Маоши миёнаи коргарони ин ширкат 219 евро хоҳад буд, ки ин маблағ камтар аз маоши ҳадди миёнаи Руминия мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар Бошуми Олмон рӯзи якшанбе беш аз 4000 нафар дар беруни ширкати Nokia ба нишони эътироз аз барномаҳои басташавии ин ширкат раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG