Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш ҷони 11 ироқиро гирифт


Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ки имрӯз дар минтақаи Ал-Ҷадрияи ҷанубуғарби Бағдод бар асари таркиши бомбаҳои сарирорӣ тақрибан ҳамзамон ду мошин мунфаҷир кард. Дар натиҷа 11 нафар кушта ва 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Як масъули низомӣ дар Бағдод гуфт, ки як бомба раҳбарони суннимазҳабро ҳадаф қарор медод, ки дар ин маҳал мулоқот мекарданд. Тибқи иттилои вай, бомбаи дигар дар наздикии як истгоҳи газ таркидааст.
XS
SM
MD
LG