Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи музокироти мухолифин бо мақомоти Гурҷистон


Ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Гурҷистон мегӯянд, онҳо музокирот бо мақомоти кишвар дар масъалаи ислоҳоти асосиро мутаваққиф мекунанд. Мухолифин талаб доранд, ки ҳукумат тамоми мардуми соли гузашта дар ҷараёни эътирозҳо ба ҳабс гирифташударо раҳо намояд ва раисони радиову телевизиони давлатӣ ва комиссияи марказии интихобот аз вазифа сабукдӯш шаванд. Раиси ҳизби муҳофизакор Звиад Дзидзигурӣ иброз дошт, ки агар ин се тақозо иҷро нашаванд, мухолифин эътирозҳои мардумӣ даъват мекунанд.
Раиси парламенти Гурҷистон хонум Нино Бурҷанадзе таваққуфи музокиротро амали хоми мухолифин номид.
Моҳи ноябри гузашта баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифин президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ барпо намуд, вале мухолифин мегӯянд, интихоботи моҳи январ саршор аз тақаллуб буд. Онҳо то ҳол пирӯзии Саакашвилиро эътироф накардаанд.
XS
SM
MD
LG