Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар Тоҷикистон боз як неругоҳ месозад


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ҳини дидор
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ҳини дидор

Э. Раҳмон дар як нишасти хабарӣ пас аз дидор бо М. Аҳмадинажод хабар дод, ки Эрон барои бунёди як нерӯгоҳи нав дар Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардааст.

Дар ин нишасти мушатараки хабарӣ, ки имрӯз, 10 феврал, дар пайи дидор ва гуфтугуи раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин нерӯгоҳи ҷадид бар изофаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки аз сӯи Эрон сохта мешавад, хоҳад буд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ин пешниҳод ба зудӣ амалӣ хоҳад шуд.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар навбати худ муносиботи Тоҷикистону Эронро беназир ва ҳатто ягона хонда, аз ҷумла ба ин нукта, ки ин сафар дар остонаи солгарди инқилоби исломӣ сурат мегирад, таъкид кардааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод равобити ду кишварро дар ҳоли густариш тавсиф кард ва гуфт, дар ҷараёни дидори ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон байни ду кишвар дар заминаҳои ҳамлу нақл, энержӣ ва фарҳангӣ тавофуқоти тозае ҳосил шуд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ӯву Аҳмадинажод перомуни масоили мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир низ сӯҳбат кардаанд.

Ҳанӯз қабл аз оғози расмии сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон масъалаи ҳамкориҳои энержӣ аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ҷараёни ин сафар байни раҳбароин ду кишвар гуфта мешуд. Аз ҷумла интизор мерафт, ки ҷониби Тоҷикистон бо дарназардошти бӯҳрони амиқи энержие, ки дар Тоҷикистон пеш омадааст, аз ҷониби Эрон пеш аз замони таъйиншудааш ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳи дуввуми Сангтӯдаро тақозо хоҳад кард.

Эҳдоси ин нерӯгоҳ бар пояи 220 миллион доллар сармоягузорӣ, ки 180 миллионашро ҷониби Эрон бар ӯҳда гирифтааст, аз соли 2006 инҷониб идома дорад.

Ин севвумин дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон тайи дувуним соли ахир будааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри якшанбе Теҳронро ба қасди Душанбе тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG