Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Туркия аз рӯсарӣ ҳимоят кард


Имрӯз 9 феврал парлумони Туркия иловаҳо ба Қонуни Асосии ин кишварро, ки лағви муқаррароти манъи пӯшидани рӯсарӣ дар донишгоҳҳоро ба ҳадаф дорад, қабул кард. Пӯшидани рӯсарӣ дар донишгоҳҳои Туркия тақрибан як даҳсола ба ин сӯ мамнӯъ буд.

411 вакил аз 550 узви парлумони Туркия ба ду илова ба Қонуни Асосӣ раъйи мувофиқ додаанд. Ин ду банди изофашуда ба Қонуни Асосии Туркия бархӯрди яксон ва баробари ниҳодҳои давлатӣ ба кулли атбоъи кишвар, аз ҷумла дар донишгоҳҳоро талаб ва ба далоили берун аз марзи қонун аз ҳаққи гирифтани маълумоти олӣ маҳрум кардани шаҳрвандонро манъ мекунад.

Давлати Туркия, ки аз ин тағйирот пуштибонӣ мекунад, мегӯяд, ҳадаф дифоъ аз ҳуқуқи занҳост. Вале мухолифини давлат мегӯянд, ин иқдом мунҷар ба исломишавии бештари ҷомиаи Туркия гардида, асли дунявии давлатдории Туркияро, ки динро аз давлат ҷудо кардааст, зери по мекунад.

XS
SM
MD
LG