Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Туркия рӯсариро иҷозат хоҳад дод?


Қарор аст, рӯзи шанбе, 9 феврал парлумони Туркия маҷмӯъаи иловаҳо ба Қонуни Асосии он кишварро, ки лағви қонуни манъи пӯшидани рӯсарӣ дар донишгоҳҳоро ба ҳадаф дорад, мавриди баррасӣ ва раъйгирӣ қарор диҳад.

Аз ин тағйирот сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва ва ҳизби исломгарои ӯ - ҳизби Адолат ва Тавсиъа, ки аксарияти курсиҳо дар парлумони феълиро дар даст дорад, пуштибонӣ мекунанд. Аммо мухолифини давлати кунунии Туркия мегӯянд, ин иқдом асли дунявии давлатдории Туркияро, ки динро аз давлат ҷудо кардааст, зери по мекунад.

XS
SM
MD
LG