Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи вижаи фаслномаи «Эроннома»


Тавре Сафар Абдулло, сардабири «Эроннома», мегӯяд, шумораи сеюми фаслнома назар ба шумораи қаблӣ аз нигоҳи ҳаҷм бузургтар буда, дар он беҳтарин мақолаҳои донишмандони эроншинос ба табъ расидаанд.

Аз ҷумла дар «Эроннома» мақолаи Саидҳусайни Наср, донишманди бузурги фалсафаи исломӣ дар ҷаҳон, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад ва порае аз китоби донишманди бузург ва яке аз шахсиятҳои фарҳангии Эрону эронзамин - Муҳаммадалии Надӯшан бо номи «Эрон чи ҳарфе барои гуфтан дорад» ба хонандагон пешкаш гардидаанд.

Ба гуфтаи сардабири фаслнома, китоби донишманди эронӣ бо кӯшиши Зарина Ҷандосова ва ҳамдастии худи Сафар Абдулло ба русӣ баргардон шудааст ва он алъон дар дасти чоп аст. Вале аз вижагиҳои ин шумора ин аст, ки дар «Эроннома» матлаби зиёде дар бораи шахсиятҳои фарҳангии Тоҷикистон ва эҷодиёти шоирони тоҷик нашр гардидаанд, ки чанде аз он мақолаҳо ба донишманди маъруфи тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бахшида шудаанд.

Дар ин робита оқои Сафар Абдулло гуфт, «ба муносибати 80-умин солгарди устоди бузургворам Муҳаммадҷон Шакурии бухороӣ мехостам як китоби маҷмӯаи мақолоти эроншиносиро бо ширкати донишмандони эроншиноси ҷаҳон гирдовар ва чоп кунам. Ба ин мақсад ба бисёр ҷойҳо муроҷиат кардам ва мақолаҳое ҳам фароҳам омада, ҳатто ҳазинаҳояш ҳам пайдо шуда ва умедворам, ки он китоб чоп шавад. Китоб ба се забон аст, яъне ҳар кӣ агар ба форсӣ бинвисад, ба забони форсӣ, англисӣ- англисӣ ва русӣ - русӣ. Аз ин китоб ҳам се мақола ба ин маҷалла гирифта шудааст. Дуи он мақолаҳо мақолаҳои фарзандони устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки ҳарду воқеан аз бузургтарин уламои улуми инсонӣ аз Тоҷикистон ҳастанд. Инҳо якеашон устод Шариф Шукуров аст ва дигараш ҳам Рустам Шукуров, ки яке дар бораи рӯзномаи Садри Зиё мақолае навишта. Худи Рустам ин рӯзномаро як замоне ба забони англисӣ тарҷума карда буд. Ва дигараш ҳам Шариф Шукуров дар бораи меъмории Хуросони бузург хеле мақолаи ҷолиб навишта ва гуфта, ки «илҳом аз китоби падарам «Хуросон аст ин ҷо»-ст».

Вай афзуд, «як донишманди маъруфи дигари тоҷик дар ин шумора аз дӯстони хуби ман, профессор Раҳмат Раҳимов аст, ки дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад. Эшон дар заминаи мардумшиносии ақвоми эронӣ пажӯҳишҳои хуберо анҷом додааст ва як мақолаи хубе дар бораи донишвожаи кадхудо ва масоили оташ дар ҷаҳонбинии ақвоми эронӣ мақолаи хубе навишта».

Устоди донишгоҳи Санкт-Петербург Зарина Ҷандосова бошад дар мақолаи хеш бо номи «Ғазаби модарон ва андӯҳи хоҳарон: мавзӯи Ватан дар шеъри муосири тоҷик» эҷодиёти шоирон Гулрухсор, Фарзона, Мавҷуда, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Шаҳрия ва Баҳриниссоро мавриди арзёбӣ қарор додаст. Бархи аъзами мақола ба эҷодиёти ду шоираи тоҷик - яке Гулрухсор, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ маъруфият пайдо карда буд ва дигаре ба ситораи нави дурахшони осмони адаби тоҷик Фарзона бахшида шудаанд ва тавре муаллиф таъкид мекунад, ҳарду адиб ба ҷумлаи шоирони дар ҷаҳони форсизабон эътирофгардида шомиланд.

Ба навиштаи муаллиф, ҳарду шоира дарду ормонҳои миллатро бо тасвирҳо ва истифодаи рамзу воситаҳои гуногуни адабӣ баён кардаанд . Ба вижа, ба эҷодиёти Гулрухсор ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ таи 15 сол таъсири амиқ расонидаанд ва дар он шеърҳо ҳама норасоиҳои ҷомеа, кирдори аҳриманҳо ва қаҳру ғиреви мардум ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Мақолаи Олег Акимушкин, донишманди Санкт Петербург, ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бахшида шудаанд ва он «Шӯридае аз Рум» ном дорад. Дар мақола донишманд дар бораи зиндагиномаи Мавлоно, устодону муридонаш ҳамчунин дар бораи ҷараёни тасаввуф ва нақши шоир дар он ҳарф мезанад ва аз «Маснавии маънавӣ» чун ёдгори бузурги адабӣ ситоиш мекунад. Ба навиштаи Акимушкин, Мавлоно шоири форс-тоҷик аст, вале эҷодиёти вай аз чаҳорчӯби адабиёти форсӣ берун рафта, моли тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар шумораи сеюми фаслномаи Эроннома мақолаи ҳаҷман бузург ва пурмӯҳтавои Сафар Абдулло дар бораи эҷодиёти шоири ҳамосасаро устод Мӯъмин Қаноат ва мақолаи сиёсии донишманди маъруфи тоҷики муқими Амрико, профессори донишгоҳи Пенсилвания Акбари Турсон ва чандин мақолаи дигар дар бораи торих, фалсафа, забону адабиёт ва фарҳангу ҳунари эронӣ ба табъ расидаанд.

Фаслномаи «Эроннома» бо кӯшиши донишманди шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон Сафар Абдулло ва ёрии молии Ройзании фарҳангии Эрон дар Қазоқистон дар Алмаато ба забони русӣ бо теъдоди 1000 адад нашр ва ба марказҳои пажуҳиши ховаршиносиву китобхонаҳои бисёр мамолики ҷаҳон фиристода мешавад.

XS
SM
MD
LG