Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Дар гузориши солонаи Дафтари назорат бар ҳуқуқи башар ва риояти қонун дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, баргузории интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси Намояндагон, адолати додгоҳӣ, озодии баён, қавонин ва ислоҳоти қонунҳо, мизони фасод ва дигар масоили марбут ба ҳуқуқи инсон дар давоми соли 2007 мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Дар ин гузориш аз бархе аз иқдомот ва тасмимоти давлат, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо дар заминаи озодии баён, нақзи ҳуқуқи маданӣ ва озодиҳои динӣ дар ин кишвар шуда изҳори нигаронӣ карда мешавад. Дар гузориш таъкид мешавад, ки вазъи озодии эътиқод дар кишвар дар ин давра тадриҷан рў ба бадшавӣ ниҳодааст.

Бастани масоҷид, манъи духтарони ҳиҷобпӯш аз ширкат дар дарсҳо ва бавижа таҳияи пешнависи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки ҳуқуқи инсонҳоро маҳдуд месозад ба ҳайси намуна ва далели ин гуфтаҳо таъкид шудааст. Ҳамчунин муаллифони ин гузориш аз қабули «Қонун дар бораи танзими анъана ва маросим», ки маҳдудиятҳоеро барои баргузории расму ойин ва маъракаҳои мардумӣ пеш овардааст изҳори нигаронӣ кардаанд.

Зимнан бархе аз қавонини ба тасвибрасида, аз ҷумла «Қонун дар бораи танзими анъана ва маросим», аз сӯи бархе аз коршиносон ва рӯҳониён низ мавриди интиқод қарор гирифта буд. Ба бовари Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз ду вакили ин ҳизб, дар порлумони ин кишвари қабули қонуни мазкур ба хотири коҳиши нуфузи ин қишри ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз баргузории маросимҳои мазҳабӣ таҳия ва қабул шудааст.

Яке дигар аз нукоти таъкидшуда дар ин гузориш бархурди номуносиби давлат бо аҳзоби сиёсӣ дар кишвар аст. Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо таъйиди мувофақати мавқеъи худ бо арзёбии ин созмони мустақили нозир бар ҳуқуқи башар мегӯянд, давлати Тоҷикистон ба таври пайваста талош меварзад, ки ҳузури ҳизбҳои сиёсиро дар саҳна камранг ва ширкати онҳоро дар ҳаёти ҷомае маҳдуд созанд.

Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон – яке аз аҳзоби мухолифи давлат, мегӯяд, идораи давлат дар Тоҷикистон дар ихтиёри намояндагони як маҳалли хос қарор гирифта ва ин гурӯҳ танҳо барои рӯпӯшӣ аз ин кор ҳизберо бо номи халқӣ-демократӣ ҳамчун сипар истифода мекунанд.

Дар гузориши солонаи Дафтари назорат бар ҳуқуқи башар ва риъояти қонун дар Тоҷикистон ҳамчунин аз мавориди фаровони истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, вобастагии ҳокимияти додгоҳӣ бар ҳокимияти иҷроия ва шароити бади зиндонҳо таъкид шудааст. Абдуқаюм Юсуфов, як вакили дифои мустақил, тасдиқ мекунад, ки дар боздоштгоҳҳо барои ба даст овардани тасдиқ ва водор кардан ба эътирофи гуноҳ аз фишор ва шиканҷа фаровон истифода мешавад.

Аммо Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири аршади раисҷумҳурии Тоҷикистон гузориши солонаи Дафтари назорат бар ҳуқуқи башар ва риъояти қонун дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро якҷониба унвон кард.Ба бовари оқои Салоҳиддинов муаллифони гузориш ба воқеиятҳои зиндагӣ на ҳамеша баҳои мунсифона додаанд.

Дар гузориши солонаи Дафтари назорат бар ҳуқуқи башар ва риъояти қонун дар Тоҷикистон пазируфта шудани меъёри ҷиноӣ дар бораи таҳқир ва тӯҳмат дар Интернет дар қонуни ҷиноии ин кишвар далели дигари нақзи ҳуқуқи башар ва сарфи назар кардани тааҳҳудоти давлати Тоҷикистон дар баробари созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ шудааст. Бар асоси ин гузориш дар соли гузашта ҳудуди 70 мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ба таври мустақим сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG