Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса созиши конститутсионии Аврупоро пазируфт


Сенат ва Маҷлиси миллии Фаронса созиши конститутсионии Иттиҳодияи Аврупоро, ки моҳи декабри соли гузашта дар Лиссабон пазируфта шуда буд, ба тасвиб расониданд. Ин созиш бояд аз сӯи порлумонҳои ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо тасвиб шавад. Санади нав сохтори идории Иттиҳодияи Аврупоро тағйир медиҳад ва дар он, аз ҷумла, мақоми президенти Иттиҳодияи Аврупо пешбинӣ ва мӯҳлати ваколати ӯ дуву ним сол муқаррар шудааст. Қарор аст созиши конститутсионӣ аз соли 2009 ба ҳукми қонун ворид шавад.

XS
SM
MD
LG