Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калисои англиканӣ ҷонибдори шариати исломӣ?


Пешвои калисои англикании насронӣ мегӯяд, дар Британия ҷорӣ намудани баъзе бахшҳои шариати исломӣ "ногузир" аст. Усқуфи Кантерберӣ Рован Вилямс ба хабарнигорон гуфт, мусулмонон бояд имкони интихоб дошта бошанд, ки баҳсҳои қонунӣ миёни зану шавҳар ва муноқишаҳои молиро бар пояи шариати исломӣ ҳал кунанд. Ба гуфти Вилямс ин иқдом боиси таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ мешавад. Раҳбари калисои англиканӣ афзуд, ӯ мухолифи муҷозоти шадид бар пояи шариат аст, ки дар баъзе кишварҳои мутаассиб истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG