Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА интихоботи Русияро таҳрим кард


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рузи ҳафтуми феврал дар Маскав дар суҳбат бо хабарнигорони хориҷӣ ва дохилӣ дар робита ба тасмими дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, ки эълом кардааст, нозирони худро ба интихоботи президентии рузи 2 март нахоҳад фиристонд, изҳор кард;

«Дафтари ниҳодҳои демоктратӣ қоидаи хоси худро эҷод кардааст,ки мушкили аслии он дур будан аз шаффофият аст.»

Вазири хориҷаи Русия эълом ва тақозоҳои ниҳодро ултиматим унвон кард ва гуфт, кишваре, ки худро эҳтиром мекунад, ултиматумро қабул надорад.

Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, қаблан Комисиюни марказии интихоботии Русия барои нозирони Созмони ҳамкории Аврупо 70 ҷой ихтисос дод ва замони вуруди онҳоро ба 27- 28 феврал таъин кард. Дар навбати худ, Дафтари Созмон аз Комисиюни интихоботи ҳам барои назорат аз интихоботи президентӣ ва ҳам аз ҷараёни он иҷозат хост. Ҳам эълом кард, агар барои дигар кардани замони омадан тавофуқ ҳосил нашавад, аз назорат даст хоҳанд кашид.

Намояндаи расмии Ниҳоди демократии Созмон Кетрис Бадден, гуфтааст, нозирон то 15 феврал мебоист вориди Маскав мешуданд, ҳадди аққал ду ҳафта пеш аз интихобот, то ки барои анҷоми коре фурсат меёфтанд.

Ҳафтуми феврал дар Маскав гуфтушунидҳои намояндагии Маҷмаъи парламонии Иттиҳоди Аврупо ҳам бо Комисиюни марказии интихоботи Русия бенатиҷа анҷом ёфт. Дабири Кулли Маҷмаъи Парламонӣ Спенсер Оливер эълом кард, мутаассиф аст, ки ба сабаби набудани шароит наметавонанд аз ҷараёни интихоботи президентии 2 марти соли 2008 Русия назорат намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Геннадиӣ Зюганов, номзад ба мақоми раисҷумҳур аз ҳизби коммунист, аз нозирони байналмилалӣ хостааст, дар интихобот ширкат кунанд. Зюганов мегуяд, дар интихоботҳои Русия тақаллуб зиёд мушоҳида мешавад.

Нозирони Маҷмаъи парламонӣ ва ниҳодҳои демократии Созмони амният ва ҳамкори Аврупо назорат аз интихоботи парламонии моҳи декабри соли гузаштаро ҳам сарфи назар карда буд.

Интихоботи президентии Русия ба аввали моҳи март таъин шудааст ва чор нафар дар он вориди сабқат шудаанд.

XS
SM
MD
LG