Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" ҳалокати Ал-Либиро тайид кард


Созмони “Ал-Қоида” дар Афғонистон ҳалокати яке аз фармондеҳони аршади худ Абу Лайта ал-Либиро тайид кард. Дар яке аз сомонаҳои интернетии наздик ба ин гурӯҳ иттилоъи видеоӣ дар бораи ҳалокати Ал-Либӣ нашр шудааст. Қаблан хабар дода мешуд, ки Ал-Либӣ бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар як минтақаи кӯҳии марзи Афғонистону Покистон кушта шудааст.

Мустафо Абу Ал-Ёзид, ки худро чун раҳбари бахши “Ал-Қоида” дар Афғонистон муаррифӣ кардааст, дар баёнияи видеоӣ аз тариқи Интернет гуфтаааст, “ҳалокати Ал-Либӣ рӯҳияи ҷангии аъзои гурӯҳро қавитар хоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG