Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти русарӣ дар Туркия чӣ хоҳад шуд?


Имруз порламони Туркия масъалаи иҷозаи русарии духтарон дар донишгоҳҳоро баррасӣ мекунад. Ин мавзуъ яке аз масъалаҳои ҳассоси ҷомеъаи умдатан мусулмон, вале дунявии Туркия дониста мешавад. Ҳукумати Туркия, ки решаҳои исломӣ дорад, пешниҳод кардааст, ки моддаи манъи пушидани русарӣ аз Қонуни Асосии ин кишвар бардошта шавад, то духтарон бо русарӣ ба донишгоҳ оянд. Аммо муннақидони ин пешниҳод мегуянд, ҳазфи ин модда усули низоми дунявии Туркияро ба ҳам мезанад. Имруз намояндагони порламон ин масъаларо баррасӣ ва сипас роҷеъ ба он райдиҳӣ мекунанд. Даври дуввум ва ниҳоии райдиҳӣ рузи шанбе баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG