Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон дар Мурғоб мактаб барқарор мекунад


Офати табиӣ дар соли 2006 мактаби шумораи 11-и ноҳияи Мурғобро ба ин ҳол расонидаааст. Акс аз ҷониби сафорати Ҷопон тақдим шуд.
Офати табиӣ дар соли 2006 мактаби шумораи 11-и ноҳияи Мурғобро ба ин ҳол расонидаааст. Акс аз ҷониби сафорати Ҷопон тақдим шуд.

Ҷопон ҷиҳати барқарорсозии як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар Мурғоб беш аз 85 ҳазор доллари ИМА тахсис дод.

Самариддин Баҳриддинов, як масъули сафорати Ҷопон гуфт, ин мактаб дар деҳае бо номи Шаймак дар масофаи 140 км дуртар аз маркази ноҳияи Мурғоб, ки бо Афғонистону Чин ҳамсарҳад аст, ҷойгир шудааст. Соли 2006 бинои кўҳнаи ин мактаб дар натиҷаи борони сел валангор шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст. Хонандагон дарсҳои худро дар хобгоҳи ин мактаб мегузарондаанд. Аз чунин вазъ хонандагоне, ки аз манотиқи дур будаанд, ба ҷуз тарки хобгоҳ дигар илоҷе надоштаанд ва имрўзҳо онҳо дар хонаҳои хешовандону наздикони худ иқомат мекардаанд.

Оқои Баҳриддинов гуфт, лоиҳа барои таъмини тадрис ва шароити хуби зиндагии мактаббачаҳо равона шуда, ҳамчунин фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои муаллимони ин мактабро дар назар дорад.

Қаблан, Ҷопон дар Мурғоб чанд лоиҳаро, аз ҷумла дар соли гузашта лоиҳаи дастгирии чорводорӣ ва обрасониро дастгирӣ кардааст.

Ба қавли Самариддин Баҳриддинов, ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурд 215 лоиҳаи кўмакҳои башариро роҷеъ ба рушд ба маблағи умумии $13,689,128 доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

XS
SM
MD
LG