Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба созмони ҷаҳонии тиҷорат қабул шуд


Рӯзи сешанбе баъди 15 соли музокирот президенти Украина Виктор Юшенко паймони вуруди кишвараш ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO)-ро имзо кард. Акнун Киев барои тасвиби ин санад шаш моҳ вақт дорад. Маросими ботантанаи имзои санад дар Женева дар ҳузури раиси Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ ба вуқӯъ пайваст.
Баъди маросим Юшенко ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш аз вуруди Русия ба ин созмон пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG