Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд 11 узви ҳизб-ут-таҳрир маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи вилояти Суғд 11 узви ҳизб-ут-таҳрирро бо гуноҳи узвият дар ин созмони мамнӯъ ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ онҳоро дар барангехтани адовати милливу мазҳабӣ, даъват барои сарнагунии ҳукумати қонунӣ ва узвият дар гурӯҳи ифрогтаро гунаҳкор эълон кард ва барои онҳо аз 3 то ба 20 соли ҳабс ҷазо муқаррар кард. Ин гурӯҳи дуввуми аъзои ин созмон аст, ки соли ҷорӣ зиндон равона мешавад. Моҳи феврал низ додгоҳ 11 узви дигари ин ҳизби ғайриқонуниро ба муҳлатҳои мухталиф ба ҳабс ҳукм карда буд.
XS
SM
MD
LG