Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди эъдом ба фаъолони мухолифини Баҳрайн


Ба ҳафт тан аз ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Байрайн ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Баҳрайн, рӯзи якшанбе дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ додситони низомӣ хостори ҳукми қатли онҳо шуд. Ҳафт тан аз фаъолони мухолифин дар куштори барқасдонаи ду корманди полис айбдор мешаванд. Ва аммо вакилони дифоъ ин иттиҳомро рад кардаанд.

Моҳи март, баъди ҷорӣ кардани вазъи низомӣ, дар Баҳрайн садҳо нафаре боздошт шуданд, ки дар ҳамоишҳои оммавӣ густариши озодиҳои шаҳрвандиро талаб мекарданд.
XS
SM
MD
LG