Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ аз Мисрота ақибнишинӣ мекунанд


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия аз шаҳри Мисрота ақибнишинӣ мекунанд, ки пирӯзии муҳиме барои шӯришиён хоҳад буд. Шаҳри соҳилии Мисрота тайи ду моҳ дар муҳосираи нерӯҳои Қаззофӣ буд ва агар хабари ақибнишинии онҳо дуруст бошад, бузургтарин шаҳри ғарбии Либия хоҳад буд, ки ба дасти шӯришиён мегузарад. Дар ҷойи дигар нерӯҳои Қаззофӣ шаҳри дурдасти Кӯҳҳои Ғарбиро аз шӯришиён пас гирифтаанд. Айни замон Холид Қоим, муовини вазири умури хориҷаи Либия гуфт, ҳавопаймоҳои НАТО рӯзи шанбе ба ҳадафҳое дар шаҳрҳои Сирте, Қарён, Азизия, Троблус ва Ҳиро ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG