Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко барномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро имзо кард


Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Белорус мегӯяд, раиси ҷумҳур Александр Лукашенко, тарҳи барномаи ҳамкории дарозмуддат бо Тоҷикистон барои солҳои 2011 то соли 2020 имзо кардааст. Доир ба ҷузъиёти барнома чизе гуфта нашудааст, аммо Лукашенко ба Игор Петришенко, муовини аввали вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Белорус дастур додааст, дар бораи тарҳи барнома бо мақомоти Тоҷикистон музокирот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG