Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар бунёди терминали фурӯдгоҳи Душанбе


Корхонаи «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ширкатҳои фаронсавиро ба таъхир дар аҷоми корҳои сохтмонии терминали нав масъул мешуморад.

Рустам Холиқов, сарвари «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ширкатҳои фаронсавӣ ягон бандеро аз тавофуқоти миёни ду кишвар иҷро накардаанд: «Ҷадвали сохтмони терминали нав назди сарвазири Тоҷикистон ва ширкатҳои фаронсавӣ тасдиқ шуда буд. Имзому мӯҳр монда буданд. Аммо то имрӯз ягон нуктаи ин тавофуқ иҷро нашудааст.»

ФАРОНСАВИҲО "ТАНБАЛ"-И МЕКУНАНД

Оқои Холиқов гуфт, бар асоси тавофуқи ҷонибҳо, ширкатҳои фаронсавии «Sofema group» ва «Alpha airport” бояд терминалро пурра сохта ба ҷониби Тоҷикистон таслим кунанд.

Тавофуқ рӯи сохтмони терминали нави Душанбе миёни Тоҷикистон ва Фаронса моҳи августи соли 2008 ба миён омада буд. Нақшаи сохтмони терминалро муассисаи «Гипрострой» - и Тоҷикистон анҷом дода, қарор буд
баъд аз ба охир расидани экспертизаи он аз сӯи ширкати фаронсавии «Caritas”, корҳои сохтмонӣ оғоз шаванд.

Аммо дар баррасии тарҳ миёни ширкатҳо ихтилофи назар, аз ҷумла сари истифодаи кадом навъи семент дар сохтмон ба миён омад ва то ҳол ин экспертиза ниҳоӣ нашудааст. Ноябри соли 2010 сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни як мулоқот аз таъхири ширкатҳои фаронсавӣ ба сафири Фаронса Анри Зипер де Фабиани изҳори нигаронӣ кард. То ба ҳол дар масъалаи сармоягузории тарҳ низ мушкил пеш омадааст. Тибқи тавофуқ, сармоягузорӣ бо 20 миллион евро қарзи имтиёзноки ҳукумати Фаронса сурат мегирад, ки бо 0,15 дарсади солона бояд дар мӯҳлати 39 сол пардохт шавад. Саҳми Тоҷикистон 7 миллион евроро ташкил мекунад, ки 5 миллиони он аз сӯи «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» то имрӯз ҷудо шудааст.

ЧАРО ТАЪХИР?

Аммо Фредерик Фанту, намояндаи «Sofema group» ва «Alpha airport” мегӯяд, баъд аз бӯҳрони иқтисодӣ ва болоравии қимати таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ дар арзиши тарҳ низ тағйирот омадааст, ки ҳоло мушкили аслии таъхири сохтмон аст: «Созишнома бо фурудгоҳ соли 2009 баста шуда буд. Дар ин байн чанд мушкил пеш омад, аз қабили беқурбшавии пул ва як қатор мушкилоти фаннӣ. Акнун мо натиҷаҳои молиявии тендерро дар даст дорем, ки арзиш аз маблағе, ки дар будҷа дорем, болотар аст. Акнун мо бояд маблағ пайдо кунем, то будҷаро пурра кунем. Азбаски ин тавофуқи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса аст, ширкатҳои
Фредерик Фанту, намояндаи «Sofema group» ва «Alpha airport”
мо мунтазиранд, ки ҳукуматҳо чӣ гуна роҳҳал пайдо мекунанд.»

Оқои Фанту мегӯяд, эҳтимол дорад бар арзиши аслии тарҳ аз 5 то 10 миллион евро афзуда шавад ва ин масъала мавзӯи аслии сӯҳбати як ҳайати вижаи ширкатҳои фаронсавӣ бо мақомоти Душанбе дар охири моҳи равон хоҳад буд. Оқои Фанту афзуд, ҷонибҳо бояд муайян кунад, ки ин фарқият дар арзиши будҷаро бояд ҷонибҳо чӣ гуна бо ҳам бинанд. Аммо Рустам Холиқов мегӯяд, тибқи созишномаи соли 2009, ҷониби Фаронса бояд суду зиёни хароҷоти тарҳро бар зимма гирад.

ФАРОНСА СИПОСГУЗОР АСТ...

Сохтмони терминали Душанбе як гуна сипосгузории Фаронса аз Тоҷикистон аст, ки теъдоде аз нерӯҳои низомии ин кишварро дар фурудгоҳи Душанбе ба хотири дастгирии нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ҷой дод. Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳоло дар фурудгоҳи Душанбе 200 афсару сарбоз, 6 тайёраи ҷангии «Мираж» ва 4 тайёраи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса мустақар шудаанд, ки ба амалиёти низомиёни ин кишвар дар Афғонистон кӯмаки фаннӣ мекунанд.

Як коршиноси соҳаи низомӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, пеш омадани мушкил дар сохтмони терминали Душанбе сари равобити ду кишвар таъсир нахоҳанд гузошт, зеро Фаронса, баъд аз Русия дуввумин кишвари хориҷист, ки дар Тоҷикистон нерӯи низомӣ дорад ва аз миён бурдани ин тавозун ба нафъи ахирӣ нест. Ба қавли ӯ, терминалро Фаронса ба чӣ қимате, ки набошад, хоҳад сохт то обрӯи худро низ дар минтақа ҳифз кунанд.
XS
SM
MD
LG