Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндони Узбакистон даргузашт


Шералӣ Азизов-шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон дар зиндони шаҳраки Навоии Узбакистон даргузаштааст. Дар ин бора хабаргузории Ferghana.ru хабар додааст. Азизов соли 2006 барои созмон додани амали террористӣ дар Термез боздошт шуд. Азизов дар Эрон таҳсил карда буд. Вай то моҳи марти соли ҷорӣ дар зиндоне дар Бухоро нигаҳдорӣ мешуд. Сипас вайро ба зиндони Навоӣ интиқол доданд. Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки Азизов аз сактаи қалбӣ даргузаштааст. Аммо Ҳаиталӣ-падари вай мегӯяд, ки писараш солим буд ва ҳеҷ гоҳ аз бемории қалб шикоят надошт.
XS
SM
MD
LG