Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 апрел - Рӯзи байналмилалии Замин


Таҷлил аз Рӯзи Замин дар Чин
Таҷлил аз Рӯзи Замин дар Чин
Имрӯз, барои бори 41-ум аз Рӯзи байналмилалии замин таҷлил мекунанд. Рӯзи Замин соли 1970 дар Амрико таъсис ёфта, феълан дар 192 кишвар баргузор мешавад. Мавзӯъи маъракаҳои имсола “Миллиард иқдом барои сабзӣ” аст, ки дар ҷараёнаш мардум ба хотири беҳбуди вазъи муҳити зист ҳар кадом ваъдаи ягон кори хурде мекунанд. Аз ҷумла истифодаи қандил ба хотири сарфаи нирӯи барқ, рондани велосипед ба ҷои мошин ва коҳиши истифодаи маводи кимиёӣ дар кишоварзӣ. Ба ин манзур дар Интернет дар нишонии act.earthday.org. саҳифаи хосе ҳам боз шудааст.
XS
SM
MD
LG