Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи ҲНИТ аз “бозӣ” берун шуд


Сайидиброҳими Назар, мушовири раҳбари ҲНИТ
Сайидиброҳими Назар, мушовири раҳбари ҲНИТ

Конфронси ноҳиявии ҲНИТ номзади худ дар интихоботи миёнадаврии МН дар ҳавзаи Синоро боз хонд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули ҲНИТ, ба “Озодӣ” гуфт, ки бахши ноҳиявии ин ҳизб қарори худ дар бораи ширкати Сайидиброҳими Назар дар интихоботи миёнадаврии Маҷлиси Намояндагонро лағв кардааст.

Интихоботи миёнадаврии вакили Маҷлиси Намяондагон рӯзи понздаҳуми майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.



Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов, раиси комиссияи ҳавзавӣ дар ноҳияи Сино ба “Озодӣ” гуфт, онҳо низ дар рӯзҳои наздик ҷаласа доир карда ва номзадии Сайидиброҳими Назарро бекор хоҳанд кард.

Сайидиброҳими Назар, мушовири раҳбари ҲНИТ, ки номзадии ӯро бахши ин ҳизб дар ноҳияи Сино пешбарӣ карда буд, ба далели ин ки намояндагони ҳизбаш вориди комиссияи раъйшуморӣ нашуданд, аз иштирок дар ин сабқати интихоботӣ даст кашид.

Аммо комиссияи ҳавзавӣ алорағми хоҳиши ҷаноби Назар, рӯзи 17-уми апрел ӯро ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон сабти ном кард.

Акнун дар интихоботи миёнадаврии рӯзи понздаҳуми май дар ҳавзаи Сино чаҳор номзад ба сабқати худ идома медиҳанд, ки намоёнтарини онҳо - Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи мустақили “Миллат” ҳастанд.



Ҳамчунин дар ин сабқат Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ ва Сафарбек Маннонов, муовини раиси Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ки ба таври худпешбарӣ номзад шудаанд, низ иштирок мекунанд.

Ҳавзаи интихоботии "Сино-4" дорои 48 участкаи интихоботӣ буда, ҳудуди 70 ҳазор интихобкунанда дорад. Интихоботи миёнадаврӣ дар ин ҳавза ба далели қатъи пеш аз мӯҳлати вакили ин ҳавза дар Маҷлиси Намояндагон - Шермуҳаммади Шоҳиён сурат мегирад.

Шермуҳаммади Шоҳиён чанде қабл ба унвони раҳбари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пазируфта шуд ва ба қавле ин нахустин имтиҳонест, ки ӯ дар ҳавзаи худ таҷруба мекунад.
XS
SM
MD
LG