Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Бан Кӣ Мун аз маҳалли фалокати Чернобил


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, дар остонаи 25-умин солгарди таркиш дар нерӯгоҳи барқи атомии Ченобил имрӯз аз маҳалли бадтарин фалокати ҳастаӣ дар ҷаҳон дидан кард. Дар ин сафар Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, ӯро ҳамроҳӣ мекарданд ва дар наздикии нерӯгоҳ тақрибан 20 дақиқа истоданд. Бан Кӣ Мун гуфт, бояд аз фалокати Чернобил ва нерӯгоҳи Фукушимаи Ҷопон, ки дар заминларза ва сунамии моҳи гузашта осеб дид, бояд дарс гирифт. Юкиа Амано, гуфт, фалокати нерӯгоҳи атомии Ҷопон арзиши нерӯи ҳастаиро кам нахоҳад кард, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои амнияти нерӯгоҳҳои атомӣ бештарин саъйи худро кунад. Ҳафтаи оянда рӯзи 26 апрел, аз фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 25 сол мегузарад, ки соли 1986 ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG