Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ва фардои кишвар дар паёми Э.Раҳмон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш аз мушкилоти кишвар ва роҳи ҳалли онҳо сӯҳбат кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми имсолааш ба масъалаҳо чун суботу амният, рушди иқтисодиёт, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар, бурунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқололияти энергетикӣ, ислоҳи вазъи маориф, беҳдошт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, навсозии кадрии ҳукумат, болобурди нақши занон, масоили ҳалталаби ҷавонон, аҳамияти варзиш, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, амнияти кишвар, равобити байналмилалӣ ва масоили дигар таъкид кард.

СУБОТ ВА АМНИЯТ


Эмомалӣ Раҳмон зимни шарҳи сиёсати хориҷии кишвар, дигарбора Русияро, шарики стротегии Тоҷикистон хонд ва таъкид кард, такрори ошӯби кишварҳои арабӣ дар Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон имконнопазир аст.

Бо онки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеият аз такрор нашудани чунин ҳаводис дар кишварҳои минтақа сӯҳбат кард, аммо аз ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва нооромиҳои рухдода дар ин минтақа чизе нагуфт. Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари коршиносон интизор доштанд ин ҳаводис аз сӯи раиси ҷумҳур арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонааш бори дигар ба солҳои ноороми ҷанги
шаҳрвандии Тоҷикистон ишора кард: “Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки як бор қурбони чунин дасисаҳо шуда буд, маънии оромиву осоиш ва қурби сулҳу салоҳро хуб дарк мекунад. Чун халқи ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро аз сари худ гузаронида, роҳи ҳалли низомии қазияҳоро рад менамояд ва ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳхоҳона ва мусолимаотмези ҳамаи мушкилот ва хостори амнияту суботу иҷтимоӣ мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардуми тоҷик як бор хонаи худро бо дасти худ оташ зад ва набояд ин корро такрор кунанд. Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 1997 ҷанги харобиовари шаҳрвандиро пушти сар кард, ки дар ҷараёни он даҳҳо ҳазор нафар кушта ва бехонумон шуданд.

Вай афзуд, хирад ва суннатҳои миллӣ имкон дод, ки тарафҳо бо ҳамдигар канор оянд ва сулҳу ваҳдатро таъмин намоянд.

Вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддини Кабирӣ бар ин аст, ки ишораи раисиҷумҳур ба талоши умумимиллӣ ба сулҳу осоиш эътирофи нақши ҳамаи онҳоест, ки ин сулҳро мумкин гардонданд.

Ҷаноби Кабирӣ афзуд, "Дар маҷмӯъ суханронии ҷаноби президентро дар ин замина ман мусбат мешуморам ва аз он ҷонибдорӣ мекунам, чун тамоми ишораҳояшон ба ҳизбҳои сиёсӣ, ба ҷомеа дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ, бо ҳам машварат доштан ва бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани мушкилот буд, ҳамон чизе ки айнан ҳизбҳои сиёсӣ ҳам хоҳиш доранд ва даъват ба он ҳам мекунанд."

Дар баробарин ҷаноби Кабирӣ гуфт, интизори инро дошт, ки сӯҳбат аз чораҳои пешгирӣ аз рӯйдодҳои шабеҳ ба ҷаҳони араб мешавад. Вокуниши ҷаноби Кабириро бо "ангушт" задан ба ин рамзи садо шунавед.



Аммо ҷаноби Кабирӣ ишора кард, ки умумигӯӣ дар Паёми раисиҷумҳур зиёд буд ва ҳамчунин нукоти норӯшан. Барои намуна, президент ба тағйири мафкураи мансабдорон даъват кард. Ба ақидаи Кабирӣ, чунин тағйир аз иваз кардани худи мансабдор бо афроди арзанда дида мушкилтар аст.

КАДРҲО ВА ДЕВОНСОЛОРӢ

Президенти Тоҷикистон дар чанд ҷои паёми солонааш аз шеваи кор ва тавонмандии мансабдорони давлат шикоят кард ва гуфт, вақти он расидааст, ки дар тамоми низоми мудирият ҷавонон ва кор ҷалб шаванд ва вазирону раҳбароне, ки ба иҷрои вазифаҳои худ хунукназарӣ мекунанд, аз мақомҳот барканор гарданд.

Вай ҳамчунин аз ширкати маҳдуди занон дар умури давлат изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бояд дар тамоми низоми давлатдорӣ аз боло то поён муовинони аввал аз ҷумлаи занон ва духтарон бошанд. Вай ваъда доод, ки дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кори идора ва муассисаҳои давлатро аз ин нигоҳ мавриди озмоииш қарор хоҳад дод.

ДЕМОКРАТИЯ ВА ДАВЛАТДОРӢ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, батакрор таъкид кард, ки бояд ҳар фарди кишвар "шукронаи ин сарзамин ва ин ватанро кунад, бо ҳамаи камбудиҳояш" ва дар фикри ояндаи ин сарзамин бошад.

Ҷаноби Раҳмон ба ҷойгоҳи баланди арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон арҷ гузошт, вале афзуд, сохтани давлат кори кӯтоҳмуддат набуда, метавонад, даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо давом кунад. Барои ин, афзуд ӯ, бояд насли ҷавони кишвар омӯзиш ва парвариши хуб дошта бошад. Дар ин робита, раисиҷумҳур, бори дигар ба тарҳи нави Қонуни масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд ишора намуд ва қабули онро як амали муҳиму саривақтӣ номид.

Вай ҳамчунин ба масъалаи озодиҳои баён ва аҳзоби сиёсӣ ишора намуда, онҳоро баёнгари рушди демократия дар кишвар таллақӣ кард.

Бо ин ҳол аз нукоти муҳими дигар дар паёми солонаи раиси ҷумҳур эълони моратория ва ё манъи санҷиши сесола барои корхона ва ширкатҳои тавлидотие, ки буд, ки тоза ба кор шурӯъ мекунанд.

Маҳмадшариф Ҳақдодов, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки ин пешниҳоди раиси ҷумҳур барои рушду равнақи соҳибкорӣ ва пайдо шудани ҷойҳои корӣ як иқдоми ҷиддӣ хоҳад буд.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Русияро аз шарикони аслии стратегии худ хонда ва ба ҳангоми арзёбии сиёсатҳои хориҷии давлаташ ба ин кишвар ҷойгоҳи алоҳида қойил шуд. Ҳамчунин нақш ва ҷойгоҳи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупоро дар амри таҳкими субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя муҳим арзёбӣ кард.

Сафирони кишварҳои хориҷӣ ҳангоми шунидани Паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт,танҳо ҳамгироии густарда миёни кишварҳои Осиёи Миёна метавонад бархе аз масоил ва мушкилоти ҳалношударо аз байн бибарад. Бархилофи паёми раисиҷумҳур дар соли 2010 ин бор бахши марбут ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паём ҷойгоҳи камтар дошта, аз шиорҳои умумии ҳамкории кишвар бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва такияи он ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар ин ҳамкорӣ иборат буд.

Вале як нукта, он ҳам дар робита ба истифода аз захираҳои обу энержии Тоҷикистон, ба барномаҳои кишвар дар бунёди нерӯгоҳи Роғун, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳалли бӯҳрон дар равобит бо кишвари ҳамсояи Узбакистон пайванд гирифт.

Дар ин робита вакили Маҷлиси намояндагон, муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Рустам Латифов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сурати умум паёми раисиҷумҳур як таконе барои иҷрои се вазифаи стратегӣ буд, ки инҳо таъмини амнияти энержӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буд.



Ҷаноби Латифов ба нуктаҳое дар паём дар бораи омодагии Тоҷикистон ба гуфтугӯ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обу энержии минтақа таъкид намуд ва онҳоро муҳиму самимона донист.

Зимнан, ҷаноби Раҳмон дар паёми хеш гуфт, ки Тоҷикистон дар 3 соли оянда ба истиқлолияти энержӣ даст хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки бархе аз мутахассисон мегӯянд, амалӣ шудани ин ваъда кори душворе хоҳад буд.

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДОДГОҲҲО

Президенти Тоҷикистон додгоҳро як шохаи мустақили қудрат номид ва таъкид кард, ки додрасон бояд аз ин истиқлолият истифода кунанд ва танҳо тобеи қонун бошанд.

Ин нуктаи раисиҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран чандин парвандаи пурсарусадо боиси интиқод аз кори додгоҳҳои Тоҷикистон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон бархе аз навоқисро ба камтаҷрибагии додрасҳои ҷавон бастагӣ дод ва тақозо намуд, ба парвариши додрасҳои арзанда аз ҳисоби ҷавонон таваҷҷӯҳи хос дода шавад.

ФАЗОИ ТОЛОР


Дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба манзури шунидани паёми президент бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, фарҳангиён ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд

Паёми солонаи раиси ҷумҳур одатан як навъ натиҷагирии кори раисиҷумҳур ва маъмурияти ӯ дар як соли гузашта ва дурнамои фаъолиятҳои ӯ ва давлаташ барои як соли баъдист.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар тафовут аз суханрониҳои гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин бор ҳангоми иораи паёми солона вакилони порлумон ва меҳмонони ҷаласа зиёда аз даҳ бор бо кафкӯбиҳои давомдор аз ҷой бархостанд. Чунин ибрози эҳтиром ва пуштибонӣ зоҳиран тарҳрезишуда ба назар мерасид, зеро ҳар дафъа афроди муайян дар нишастгоҳҳои муайян кафкӯбиҳоро оғоз мекарданд ва аз ҷой бархостани онҳо дигаронро низ ба ин амал водор менамуд.

МАОРИФ ВА ИЛМ


Дар бахши дигаре аз паёми солонаи худ ба парлумон, Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ислоҳи вазъи маориф ва густариши забони давлатӣ ва омӯзиш додани он пардохт.

Ӯ ҳамчунин, ба боло бурдани сатҳи маънавии мардум ва ба хусус ҷавонон низ таъкид кард.

НАТИҶАГИРӢ


Суханронии Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаҳои телевизиони миллӣ мустақиман пахш шуд. Ва аммо аз онки ин паём дар арафаи бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ироа гардид, дар он як навъ натиҷагирӣ аз ин давра, ки умдатан зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон гузаштааст, эҳсос мешуд.

Ба эътиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мардум ва ҳукумати ин кишвар тавонистаанд поя ва аркони давлатдории навини тоҷиконро бигзоранд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, кдар ин роҳ душвортарин марҳала тай шудааст вале ҳоло ҳам мушкилии фаровоне мавҷуд аст, ки бояд тадирҷан бартраф шавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми ин кишвар даъват кард, ки ба ятимону бепарасторон дасти шафқат дароз кунанд. Оқои Раҳмон ҳам чунин ба мақомот дастур дод, ки дар зудтарин фурсат шароитро барои ҷалби бештари занҳо ва духтарҳо дар кори идорӣ фароҳам созанд.
XS
SM
MD
LG