Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти масъулин барои истифодаи Қуръон дар таҳияи коғази ҳоҷатхона


Дафтари додситони кулли Афғонистон мегӯяд, ки аз рӯи ҳодисаи ошкор шудани истифодаи саҳифаҳои Қуръон - китоби муқаддаси мусалмонон дар таҳия коғази хоҷатхона дар як корхонаи истеҳсоли коғази ин кишвар се нафар боздошт шуданд.

Рӯзи душанбе ҳудудан ҳазор нафар дар шаҳри Кобул атрофи корхонаи тавлиди коғаз гирди ҳам омада ба нишони эътироз бо санг ба дару тирезаи ин корхона ҳамла карданд.

Қисме аз корхона хароб шудааст. Сухангӯи полис гуфт, ки пораҳои китоби Қуръон дар дохили корхона пайдо шудаанд. Дар миёни афроди боздоштшуда раиси ин корхона низ зикр мешавад.
XS
SM
MD
LG