Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба вазорати дифоъи Афғонистон


Рӯзи 17 апрел бар асари як ҳамла ба қароргоҳи вазорати дифоъи Афғонистон дар пойтахт, шаҳри Кобул, ду нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд. Як нафари либоси сарбози Урдуи давлатии Афғонистон дар тан ва як камарбанди ҳомили маводи мунфаҷира дар камар чошти душанбе дар дохили ин вазоратхона тирандозӣ кардааст. Масъулияти ҳамла ба вазорати дифоъро Толибон бар ӯҳда гирифт. Сухангӯи Толибон ҳатто гуфт, ҳамла як амали тарҳрезишуда ба муносибати боздиди вазири дифоъи Фаронса Жерар Лонже буд, ки ба бовари чирикиҳо, дар он соат дар дохили вазорат бо мақомоти низомии Афғонистон мулоқот мекард. Аммо мақомоти Фаронса мегӯянд, Жерар Лонже дар соати ҳамла дар дохили қароргоҳи вазорати дифоъи Афғонистон набуд.
XS
SM
MD
LG