Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиш дар вазорати дифоъи Афғонистон ҷилавгирӣ шуд


Дар шаҳри Кобул як маргталаб талош кард, ки худро дар бинои вазорати дифои Афғонистон инфиҷор намояд.

Ба иттилоъи сухангӯи вазорати дифоъ Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, маргталаб, ки дар тан либоси низомӣ дошт, аввал дар дохили бинои вазорати дифоъ сӯи муҳофизон оташ кушод. Муҳофизони вазорат ӯро қабл аз мунфаҷир кардани камарбанди шаҳид ҳадафи тир қарор доданд.

Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса ду сарбози афғон кушта ва ҳафт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳамларо толибон бар дӯш гирифтанд. Намояндаи ин ҷунбиш ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳамла тавре таҳия шуда буд, ки он бояд дар ҷараёни мулоқоти вазири дифоъи Фаронса бо низомиёни воломақоми Афғонистон сурат мегирифт.

Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки замони ҳамла вазири дифоъи кишвар Ҷерар Лонге дар ин бино набуд.
XS
SM
MD
LG