Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суперсешанбе" дар Амрико


Раъйгириҳои муқаддамотӣ дар рӯзи "Сешанбеи бузург" дар 24 иёлати Амрико эҳтимолан, номзадҳои ниҳоии ҷумҳурихоҳон ва демократҳоро маълум хоҳад кард.

Раъйҳои интихобкунандагони амрикоӣ дар рӯзи “Сешанбеи бузург” ё худ “Суперсешанбе” шояд маълум кунад, ки кадом ду номзад аз аҳзоби демократ ва ҷумҳурихоҳ муборизаро барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурии Амрико дар интихоботи моҳи ноябр идома хоҳанд дод. Аммо шояд ҳам, ки маълум накунад.

Райъгириҳои муқаддамотӣ дар рӯзи “Суперсешанбе” дар маҷмӯъ дар 24 аёлат мегузаранд. Аз ҷумла 19 аёлат, ки ба сурати умум тақрибан нисфи ҷамъияти Амрико дар ҳамин 19 аёлат ба сар мебарад, дар ин рӯз барои номзадҳои ҳарду ҳизб раъй медиҳанд. Дар 3 аёлат танҳо демократҳо ва дар 2 аёлат фақат ҷумҳурихоҳон раъйгирии муқаддамотӣ доштаанд.

То кунун дар ҳарду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ ду довталаби аслӣ ба интихоботи президентӣ маълум шудааст.

Аммо агар эҳтимоли дар сабқати ҷумҳурихоҳон баранда шудани сенатор Ҷон МакКейн бар рақиби аслиаш волии собиқи аёлати Массачусеттс Мит Ромнӣ дигар мисли як чизи тақрибан яқин баррасӣ шавад, дар корзори муборизаҳои муқаддамотии ҳизби демократ ҳанӯз дуруст маълум нест, ки оё демократҳоро дар ниҳоят дар интихоботи моҳи ноябр кӣ намояндагӣ хоҳад кард: сенатор Барак Обама ё Ҳилларӣ Клинтон, ҳамсари президенти пеш аз Буши Амрико Билл Клинтон?

Аммо тавре собиқаи раъйгириҳои то ҳол анҷомшуда нишон медиҳад, ҳатто дар корзори ҷумҳурихоҳон низ рух задани кадом як гардиши дигари ғайримунтазира баъид ба назар намерасад. Бо ин вуҷуд, ки сенатор Ҷон Маккейн акнун бар пирӯзиаш дар раъйгириҳои муқаддамотӣ мутмаъин ҳаст, назарсанҷиҳо ҳокист, ки Мит Ромнӣ, волии собиқи аёлати Массачусеттс масалан дар аёлати пурҷамъият ва муҳими Калифорния бар ӯ бартарӣ доштааст. Мит Ромнӣ гуфт, пирӯзии ӯ дар Калифорния маънии ба Кохи Сафед нишастани номзади муҳофизакор, манзур худи Ромниро хоҳад дошт.

Аммо дидаи таваҷҷӯҳ бештар ба корзори демократҳост, ки ҳарду довталабаш – ҳам Ҳилларӣ Клинтон ва ҳам Барак Обама – бо шонси тақрибан баробар вориди “Суперсешанбе” мешаванд.

Як сол пеш замоне ки корзори интихоботӣ дар ҳизби демократ тоза шурӯъ шуда буд, Ҳилларӣ Клинтон номзади ногузири демократҳо ба назар меомад. Вале Барак Обамаи ҷавон ва харизматик нишон дод, ки рақиби осонгузаре нест ва тавонист то имрӯз шонсҳояшро бо Ҳилларӣ тақрибан баробар кунад. Назари ҳарду довталаб дар бисёри масоил қариб ҳамсон аст. Ҳарду дар фикри пайдо кардани роҳи ҳалли мушкили миллионҳо нафари маҳрум аз бимаи тиббӣ ва ҷонибдори дар 12 моҳ аз Ироқ берун овардани нирӯҳои Амрикоянд.

Клинтони 60-сола нахустин зан ва Барак Обамаи 46-сола аввалин амрикоии африқоитаборест, ки дар мубориза барои мақоми президентии Амрико чунин пешрафти ҷиддӣ кардаанд.

Аммо мунаққидони хонум Клинтон мегӯянд, пирӯзии ӯ ба маънии идомаи усули сулолавии ҳукумат дар Амрико ҳам ҳаст, ки аз поёни солҳои 80-ум ба ин сӯ байни танҳо ду хонаводаи Бушҳо ва Клинтонҳо даст ба даст мегузарад. Мунаққидони Обама ҳамин тавр ба бетаҷрубагии ӯ дар умури раҳбарӣ таъкид мекунанд. Аммо тарафдоронаш Барак Обамаро бо Ҷон Кеннедӣ, раисҷумҳури дар 45 соли пеш дар синни ҷавонӣ кушташудаи Амрико қиёс мекунанд. Ба вижа, дар ҳоле ки Роберт Кеннедӣ, бародари раисҷумҳури фақид низ пуштибониаш аз Барак Обамаро эълон кардааст.

Ба эътиқоди нозирон, аммо боз ҳам ба тӯл кашидани рақобатҳо байни ин ду номзади умдаи демократҳо дар кулл ба нафъи ҳизби демократ нест, ки дар ниҳоят метавонад барои онон мунҷар ба аз даст рафтани фурсат ҷиҳати басиҷ кардани нирӯ ва маболиғ барои корзори ниҳоӣ бо номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ шавад. Аммо ба сурати умум, дар остонаи “Суперсешанбе” бахши аъзами раъйдиҳандагони амрикоӣ дар ростои як интихоби мушкил қарор доранд. Мисли Шейла, ин як зани амрикоии африқоитабор, ки мегӯяд:

“Ман дудилаам. Ман мутмаин нестам, ки ба кадомаш раъй хоҳам дод. Пештар ман рӯи таҷруба ҳисоб мекардам, аммо бардошти ман аз ин маъракаҳо ин шуд, ки беҳтар аст, демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ба ҳам биоянд ва мушкилоти кишварро муштаракан матраҳ кунанд.”

Сарфи назар аз ин ки оё раъйгириҳои муқаддамотӣ дар 24 аёлат исми номзадҳои ниҳоӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро маълум хоҳад кард ё хайр, ба эътиқоди аҳли назар, “Суперсешанбе”, дар ҳар сурат, ба сари худ як нуқтаи атф, як чорсӯи муҳими сиёсист, ки масири ҳаракатҳои баъдӣ дар корзори интихоботии Амрикоро маълумтар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG