Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Маскав ба нозирони САҲА


Комиссиюни марказии интихоботии Русия барои боз як ҳафта тамдид кардани ҳузури нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар – як бахши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар интихоботи президентии рӯзи 2 март розӣ шуд. Узви Комиссиюн Игор Борисов гуфт, ки нозирони САҲА метавонанд рӯзи 20 феврал вориди Русия шаванд. Ҳамчунин Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар метавонад барои назорати ин маъракаи сиёсӣ 75 нозир фиристад. Ёдовар мешавем, қаблан Комиссиюни Марказии интихоботии Русия теъдоди нозирони САҲА дар интихоботи президентиро 70 нафар ва муддати ҳузури онҳо дар кишварро ҳамагӣ се рӯз муқаррар карда буд.

Вокуниши Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ба пешниҳоди нави Маскав ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG