Дирӯз собиқ президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел шифохонаро тарк намуда, ба хонааш баргашт. Ӯ аз бронхит ва бемории қалб табобат мегирифт. Расонаҳои чех иттилоъ медиҳанд, ки Ҳавел 71 сола рӯзи 19-уми январ бистарӣ шуда буд. Табобати ӯ дар хонааш идома меёбад.